МУВАФФАҚИЯТДастоварди ду муштзан

Дастоварди ду муштзан

-

Баҳодур Усмонов ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон шуд. Дар мусобиқа зиёда аз 70 варзишгар аз Қазоқистон, Туркия, Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардид. Усмонов дар вазни то 57 килограмм дар мусобиқае, ки ба хотираи асосгузори бокси Қазоқистон Шоқир Болтекули бахшида шуда буд, дар даври ниҳоӣ боксчии қазоқ Ертуған Зейнуллиновро мағлуб кард.Ин шашумин медали Баҳодур Усмонов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ қаблан қаҳрамони Осиё шуда, инчунин дар дигар мусобиқаҳо ду медали тилло, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Ахиран Хусравхон Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ба финал роҳ ёфт.

Дар ин мусобиқа 548 варзишгар аз 118 кишвар дар 13 вазн рақобат мекунанд. Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кг ҳунарнамоӣ намуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад