Без рубрикиДу созмони бонуфӯзи рӯзноманигорӣ алайҳи мақомоти исроилӣ шикоят бурдааст

Ду созмони бонуфӯзи рӯзноманигорӣ алайҳи мақомоти исроилӣ шикоят бурдааст

-

2 декабр Иттифоқи миллии журналистон ва Федератсияи байналмилалии журналистон (SNJ/IFJ) ба Прокуратураи миллии мубориза бо терроризм дар Париж  барои ҳифзи рӯзноманигороне, ки дар Ғазза фаъолият мекунанд, шикоят пешниҳод карданд. Шикоят алайҳи мақомоти исроилӣ равона шудааст ва ба асоси шаҳодатҳои зиёди кормандони расонаҳои Фаронса такя мекунад.

Иттифоқи миллии журналистони Фаронса (SNJ) ва Федератсияи байналмилалии журналистон (IFJ) 2 декабр дар шабакаи X эълон карданд, ки ба прокуратураи миллии зиддитеррористии PNAT шикоят пешниҳод намудаанд.

Ин ду ниҳоди бузург — яке созмони бонуфӯзи касбии журналистони Фаронса ва дигаре бузургтарин иттиҳодияи рӯзноманигорони ҷаҳон, ки 600 000 кормандони ВАО-ро дар беш аз 140 кишвар намояндагӣ мекунад, «эҷоди монеаҳои муназзам ба кори журналистон дар қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин»-ро маҳкум намуданд.

Ба андешаи онҳо, мақомоти исроилӣ дар «ҷиноятҳои ҷангӣ» нисбат ба рӯзноманигорони фаронсавӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ки ин ба рокуратураи миллии зиддитеррористӣ ҳуқуқи расидагӣ ба парвандаро медиҳад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳангоми таҳияи шикоят SNJ ва IFJ ба «шоҳидии сершумори рӯзноманигорони фаронсавӣ» такя кардаанд. «

«Блокадаи созмонёфта, муназзам ва тӯлонӣ»

Дар шикоят зикр мешавад, ки мақомиҳои исроилӣ ба кори журналистон монеа эҷод мекунанд, аммо «ягон шахси мушаххас» ҳадаф қарор дода нашудааст. Монеасозӣ, ба гуфтаи онҳо, аз ҷониби бахшҳои ҳарбӣ, полис, гумрук, инчунин шахсони воқеӣ ва сокинони колониявӣ анҷом дода мешавад.

Рӯзноманигорони фаронсавӣ хабар додаанд, ки онҳоро ба баъзе минтақаҳо роҳ намедиҳанд, таҷҳизоташонро тафтиш мекунанд, таҳдид ё мусодира мекунанд. Баъзеҳо ҳатто мавриди ҳамлаи ҷисмонӣ қарор гирифтаанд, ба сӯи онҳо силоҳ доштанд, боздошт, кофтукоб ва бозпурсӣ шуданд ва баъзан беасос ихроҷ гардиданд.

Яке аз рӯзноманигорон, ки барои чанд нашрияи фаронсавӣ кор мекунад, хабар додааст, ки шабе ӯро тақрибан «панҷоҳ шаҳрванди исроилӣ, мусаллаҳ бо силоҳи оташфишон, зарфҳои бензин ва чӯбдастҳо» таъқиб кардаанд.

Котиби генералии Федератсияи байналмилалии журналистон Антони Белланже изҳор доштааст: «Мо дигар наметавонем таҳдид, тарсдиҳӣ ва таъқиби рӯзноманигорони фаронсавиро дар қаламравҳое, ки ҳуқуқи башардӯсти байналмилалӣ ба таври комил амал мекунад, таҳаммул кунем». Ӯ афзуд: «Ин шикоят як қадами зарурист: он хотиррасон мекунад, ки ҳеҷ кас болотар аз ҳуқуқи байналмилалӣ нест ва ҳақиқатро пинҳон кардан мумкин нест».

225 рӯзноманигор аз оғози низои Ҳамос ва Исроил кушта шудаанд

Шикоят такя ба ҳуқуқи аврупоӣ, Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Кодекси ҷиноятии Фаронса мекунад.

Аз октябри соли 2023 то имрӯз, ба гуфтаи Федератсияи байналмилалии журналистон, «ҳадди аққал 225 рӯзноманигор ва кормандони ВАО кушта шудаанд, чандин нафар маҷрӯҳ, дигарон бедарак шудаанд».

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад