ҲАЁТИ СОЛИМТаҳрири нодурусти суханронии Трамп сари ду роҳбари BBC-ро хӯрд

Таҳрири нодурусти суханронии Трамп сари ду роҳбари BBC-ро хӯрд

-

Таҳрири нодурусти суханронии президенти ИМА Доналд Трамп боиси истеъфои ду раҳбари баландпояи BBC гардид. Директори генералӣ Тим Дейви ва раҳбари бахши хабар Дебора Тернесс баъди фош шудани таҳқиқоти дохилӣ дар бораи таҳрири нодурусти суханронии президенти ИМА Доналд Трамп аз мансаб истеъфо доданд. 

Сабаби аслии ҷанҷол нашри филми мустанади Panorama пеш аз интихоботи президентии ИМА дар соли 2024 мебошад. Дар он ду порчаи суханронии Трамп ба ҳам пайваст карда шудаанд, то гӯё ӯ ошӯби 6 январи соли 2021 дар Капитолийро ташвиқ мекунад. Филм аз ҷониби ширкати истеҳсолии мустақил таҳия шудааст.

Трамп BBC-ро таҳдид кардааст, ки агар то 14 ноябр филмро пок накунад, даъвои судии на камтар аз 1 миллиард доллариро шурӯъ мекунад. 

Гузориши дохилӣ дар кори иттилоърасонии BBC оид ба Трамп, ҷанги Исроил ва Ҳамос ва масоили марбут ба шахсони трансгендер камбудиҳоро зикр кардааст.

«Истеъфоҳо, ба ҷои ором кардани вазъ, BBC-ро ба бузургтарин буҳрони чанд даҳсолаи охир гирифтор кард. ва ин ширкати давлатӣ бе роҳбар мондааст.»,-менависад Рейтерс.

BBC, ки соли 1922 таъсис ёфтааст, яке аз куҳантарин муассисаҳои расонаии ҷаҳон аст ва имрӯз ба 42 забон иттилоъ пахш мекунад. Он бузургтарин пойгоҳ ё сомонаи хабарии англисзабони ҷаҳонро идора менамояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад