МУВАФФАҚИЯТСада: пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рушноӣ ба торикӣ

Сада: пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рушноӣ ба торикӣ

-

Тоҷикистон ягона кишварест, ки аз ҷашни Садаро дар сатҳи расмӣ таҷлил мекунад. Ин ҷашн аз сипарӣ шудани фасли зимистон, омадани фасли баҳор ва аз оғозёбии кори деҳқон мужда медиҳад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон барои таҷлили бошуқуҳи ҷашни Сада макони муайянеро интихоб менамоянд. Имсол, 30‑юми январ иди Сада дар боғи фарҳангӣ‑фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ таҷлил гардид. Дар онҷо намоиши ниҳолу зироатҳои кишоварзӣ, олоти кории деҳқон, маҳсулоти дасти ҳунармандон, маъракаи сурудхониву таблиғи оинҳои миллӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада буданд, баргузор гардид. Ҳамчунин  наврасону ҷавонон  ба ҳам омада ба ҳар гуна бозиҳои миллӣ ба мисли “дастхобонак”, “камонварӣ”, “гуштингирӣ”, “ресмонкашӣ” ва бозии “баскетбол” машғул шуданд.

Ба бовари таърихшинос Нурмуҳаммад Абдуҳомидзода, мардуми тоҷик иди Садаро бо афрухтани оташи бузург аз қадим таҷлил мекарданд:

“Дар мавриди вожаи Сада фикру мулоҳизаҳои гуногун ҷой доранд. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ дар асари худ “Осор ул-боқия” чунин қайд менамояд, ки аз фарорасии ҷашни Сада то иди Наврӯз 50 шабонарӯз боқӣ мемонад ва ҷамъи 50 рӯз ва 50 шаб ба сад баробар мешавад, ки номи ҷашни Сада низ аз калимаи сад гирифта шудааст. Яке аз анъанаи асосии ҷашн афрӯхтани оташ буд. Чун пайдоиши ин ҷашн  ба пайдоиши оташ мерасад. Мувоффиқи ривояти “Шоҳнома”‑и Фирдавсӣ  асосгузори ҷашни Сада шоҳи сулолаи пешдодиён  Ҳушанг мебошад. Гуфта  мешавад, ки рӯзе Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёни худ барои шикор ба саҳро меравад ва дар онҷо бо море рӯ ба рӯ мешавад. Шоҳ ба қасди куштани мор ба суйи ӯ сангеро мепартояд, аммо мор ҳамон замон нопадид мешаваду санг ба санги дигаре бармехӯрад ва оташаке падид меояд. Ба ин васила оташ кашф мегардад, ки минбаъд одамон ин рӯзро муборак меҳисобиданд ва ҳамасола  ҷашн мегирифтаанд.”

Ҷашни Сада ба хотири гиромидошти неъмати бузурги табиат оташ  таҷлил мегардид. Ҳарчанд ин ҷашн таърихи қадима дорад ва дар Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса таҷлил карда мешавад, вале он чор сол пеш ба ҳаёти мардуми тоҷик дубора ворид шуд. 

Ҷамоллиддин Шарифов, муаррихи ҷавон таъкид мекунад, ки унсури асосии фарҳанги тоҷикон ин таҷлили ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз мебошад.

“Дар байни ҷашнҳои бузурги миллати тоҷик иди Сада ҷойгоҳи хоссаро дорост. Ҷашни Сада аз рӯйи солшумории шамсӣ ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ки аз рӯйи солшумории мелодӣ ба  30‑юми январ мувоффиқ аст, рост меояд. Ин ҷашн ба ягон дину мазҳаб ва ойини хосса таалуқ надорад, ҷашни мардумӣ аст ва ба асоси рӯзгузаронии мардуми ориёитабор, ки кишоварзист, иртибот дорад. Таҷлили ҷашни Сада аз замони Пешдодиён маншаъ мегирад ва дар давраи Хахоманишиён, Ашкониён, Сосониён то давраи ҳукмронии Салҷуқиён, яъне, асрҳои 11‑12 ба таври бошукӯҳ дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешуд. Мутаасифона, аз асри 12 то асри 20 зимоми давлатдорӣ дар дасти сулолаҳои бегона афтода буд, бинобар ин, бо таъсири фикру ақоиди рӯҳониён ҷашни Сада дигар дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда намешуд. Имрӯз ҷашни Сада танҳо дар сатҳи расмӣ‑давлатӣ дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар Афғонистон ва Эрон ин ҷашн миёни мардум ҷашн гирифта мешавад, вале дар сатҳи давлатӣ пазирӯфта нашудааст.”

Кишоварзону деҳқонон ҳар сол фарорасии ҷашни Садаро интизор мешаванд. Оташ меафрӯзанд ва ба умеди зудтар расидани фасли баҳор гирди он давр мезананд. Хокистари гулхани афрӯхтаро ҷамъ намуда бо нияти бобарор омадани ҳосили нав онро дар заминҳояшон пошида дуо мекунанд, ки баҳори имсола бо худ файзу баракат ва фаровонҳосилиро биёрад. Деҳқонон омодагӣ мебинанд, ҷӯйбору заҳбурҳоро тоза намуда ,заминҳои худро яхоб мемонанд.

“Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рушноӣ ба торикӣ, некӣ ба бадӣ ташкил медиҳад. Ҷашни садаро бо оростани дастархони идона, афрӯхтани оташи бузург, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули ранҷи деҳқонон таҷлил менамоянд. Дар ҳар як хона садтоӣ нони чапотӣ пухта дар дохили табақҳои чубин майда намуда, равғани доғро илова карда, хӯроки миллии “равғанҷушак”‑ро омода менамуданд. Яке аз хӯрокҳои асосии ҷашни Сада “далда” ном дорад, ки маҳсулоти он аз гундуми куфташуда, донагиҳо ва каллаву почаи гусфанд иборат аст. Ин хӯрок дар давоми як шабонарӯз омода мешавад ва мардум дар гирди як сурфа ҷамъ омада, онро тановул мекунанд. Хони идонаро бо хӯрокҳои гуногун оро медиҳанд. Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ, ки маҳсули ранҷи деҳқон аст ба намоиш гузошта мешавад.”‑мегӯяд фарҳангшинос Алоҳида Холова.

Шаҳноз Ализода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад