БИЗНЕС-КЛУБМоторолҳои ватанӣ бо тамғаи “Made in Tajikistan”

Моторолҳои ватанӣ бо тамғаи “Made in Tajikistan”

-

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона. Манбаъ: www.president.tj

Корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мекунад. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдакона будааст. 

Айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд.

Дар корхона технология аз Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо истифода мешаванд, ба таври автоматикӣ ва ё тариқи робот идора мешаванд.

Як қисмати ашёи хом чун моддаҳои пластикӣ аз хориҷи кишвар дастрас мегарданд. Ашёи хоми асосӣ, яъне фулузоти оҳан ватанӣ аст.

Мотороллерҳои барқии «Сайри Суғд» ба хориҷи кишвар ҳам содирот мешавад ва тибқи иттилои роҳбари корхона самтҳои содирот ояднаи наздик бештар хоҳад шуд. Маҳсулоти ин корхона бо тамғаи “Made in Tajikistan” ба бозор арза мегардад.

Корхонаи мазкур имрӯз, 19 ноябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба истифода дода шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад