МУВАФФАҚИЯТОбунаи иҷбории омӯзгор ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян манъ аст

Обунаи иҷбории омӯзгор ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян манъ аст

-

Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки обунаи муаллимон ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян манъ буда, ҳатто барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо мактуби дастурӣ бо имзои Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фиристода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҳамчунин қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” “аз музди меҳнати омӯзгор гирифтани маблағ барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ»-ро манъ намудааст.

Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки ахиран қабул ва мавриди амал қарор гирифт, бо ҳадафи баланд бардоштани нуфузи иҷтимоии омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои касбии ӯ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият қабул шуд. Қонун ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти омӯзгоронро муайян намуда, кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, амнияти меҳнатӣ ва рушди касбиро пешбинӣ мекунад.

Тибқи қонун, омӯзгор шахси калидӣ дар низоми маориф эътироф шуда, дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти касбии ӯ манъ аст. Ҳамзамон, давлат ӯҳдадор мешавад, ки барои такмили ихтисос, қадрдонӣ аз заҳмати омӯзгорон ва беҳтар кардани шароити моддиву иҷтимоии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад