ҲАЁТИ СОЛИМТағйирот ба Конститутсияи Словакия: танҳо ду ҷинс — мард...

Тағйирот ба Конститутсияи Словакия: танҳо ду ҷинс — мард ва занро эътироф мекунем

-

Парлумони Словакия  26 сентябр ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид кард. Тибқи ин тағйрот танҳо ду ҷинс — мард ва зан эътироф мешавад.

Илова бар ин, тағйирот манъи фарзандхонӣ аз ҷониби ҷуфтҳое, ки расман ақди никоҳ надоранд, ва пурра манъи модарии  суррогатро пешбинӣ мекунад.

Ҳадафи ин тағйирот, ки бо пешниҳоди сарвазири ин кишвар Роберт Фитсо ворид шудаанд, «таҳкими арзишҳои суннатӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии Словакия» гуфта мешавад. Вазири адлияи ин кишвар Борис Суско изҳор доштааст, ки ин арзишҳо аз  Конститутсия бармеоянд ва ба шинохти издивоҷ ҳамчун иттиҳоди вижаи мард ва зан вобастаанд.

Дар санад ҳамчунин ба соҳибихтиёрии Словакия дар масоили арзишҳо, ахлоқ ва фарҳанг ишора шудааст ва зарурати баробарии занону мардон дар пардохти музди меҳнат сабт гардид. Тағйирот аз 1 ноябр ба иҷро медароянд.

Аз 150 вакили парлумон, 90 нафар ба ҷонибдории тағйирот овоз доданд. Ҳизби ҳоким раъйи кофӣ надошт, аммо якчанд вакилони муҳофизакори мухолифон низ тағйиротро дастгирӣ карданд. 

Аммо ин тағйирот аз ҷониби Комиссияи Венетсия назди Шӯрои Аврупо интиқод шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад