ОЛАМИ МАҶОЗӢМаълумоти шуморо тариқи зангҳои видеоӣ медузданд

Маълумоти шуморо тариқи зангҳои видеоӣ медузданд

-

Incibe, Институти миллии амнияти сайберии Испания аз шакли нави дуздии маълумоти шахсӣ огоҳ мекунад. Ҳакерҳо барои рахна кардани аккаунтҳо ва гирифтани пул аз зангҳои видеоии WhatsApp истифода мебаранд.

Ҳакерҳо бо истифода аз зангҳои видеоӣ тавассути WhatsApp метавонанд аккаунти шуморо дуздида, худро ба ҷои шумо муаррифӣ намоянд ва аз номи шумо аз дигарон пул талаб кунанд.

Ҷинояткорон тавассути WhatsApp занг зада, худро ҳамчун шахсе аз рӯйхати тамосҳо муаррифӣ мекунанд. Ҳангоми ҷавоб додан корбар танҳо экрани сиёҳ мебинад. Зангзананда аз ҷабрдида хоҳиш мекунад, ки экрани телефони худро мубодила кунад, то гӯё мушкили экранро ҳал намояд.

Дар ҳамин вақт, ба ҷабрдида одатан паёми SMS бо рамзи тасдиқи WhatsApp меояд, ки ҳангоми мубодилаи экран нохост намоиш дода мешавад. Ҷинояткор аз фурсат истифода бурда, рамзро сабт мекунад ва аккаунтро рахна намуда, ба соҳиби аслӣ дигар дастрасӣ ба чатҳояш намегузорад.

Баъд аз ин, ҷинояткор ба тамосҳои ҷабрдида паёмҳо фиристода, аз онҳо пул талаб мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад