ОЛАМИ МАҶОЗӢМаск: Starlink ҳеҷ гоҳ кори терминалҳои худро дар Украина...

Маск: Starlink ҳеҷ гоҳ кори терминалҳои худро дар Украина қатъ намекунад

-

Илон Маск, соҳибкори амрикоӣ, роҳбари департаменти самаранокии идораи давлатии (DOGE) ИМА  дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки системаҳои интернети моҳвораии Starlink ҳеҷ гоҳ терминалҳои худро дар Украина қатъ намекунанд.

«Новобаста аз он ки ман бо сиёсати Украина розӣ нестам, Starlink ҳеҷ гоҳ терминалҳои худро қатъ намекунад.» — навиштааст ин миллиардер.

Ӯ шарҳ додааст, ки бидуни Starlink «хатҳои фронти Украина фурӯ хоҳанд рехт.»,-зеро нерӯҳои Русия метавонанд ҳама гуна низоми мухобироти дигарро пахш кунанд.

4 март маъмурияти ИМА тасмим гирифт, ки тамоми кумаки низомии ба Украина расонидашавандаро то он даме, ки омодагии худро барои оғози гуфтушунидҳои сулҳ бо Русия нишон надиҳад, боздорад.

Худи ҳамон рӯз, рӯзномаи The Economist бо истинод ба манбаъ навишт, ки Киев барои ҳолатҳои қатъ шудани дастрасӣ ба шабакаи моҳвораии Starlink, барои хизматчиёни ҳарбӣ каналҳои иловагии иртиботӣ таҳия карда истодааст.

Дар навбати худ, хабаргузории AFP хабар дод, ки оператори алоқаи моҳвораии фаронсавии Eutelsat бо роҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо дар мавзӯи имконияти ҷойгиркунии терминалҳои иловагӣ дар Украина гуфтушунид дорад.

9 март вазири дифои Полша Радослав Сикорский изҳор дошт, ки кишвари ӯ дар сурати қатъ кардани Starlink аз ҷониби Маск дар Украина, барои системаи интернети моҳвораии Starlink ивазкунанда хоҳад ёфт.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад