ҲАЁТИ СОЛИМПирӯзии навбатии Муин Ғафуров дар UFC

Пирӯзии навбатии Муин Ғафуров дар UFC

-

Муин Ғафуров, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC 311 дар вазни сабуктарин Риня Накамураи ҷопониро шикаст дод.

Ин рақобат шоми 19-уми январ дар шаҳраки Инглвуди Иёлати Калифорнияи Амрико баргузор шуд.

Бо қарори якдилонаи доварон дар се раунд (30-27, 30-27, 30-27) размикори тоҷик пирӯз дониста шуд. Ҳамин тариқ, Муин Ғафуров ғалабаи 20-уми худро дар муҳорибаҳои омехта ба даст овард. Барои Риня Накамура бошад, ин аввалин бохт дар корномааш ба шумор меравад.

Муин Ғафурови 28-сола дар ММА ҳамагӣ 26 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 20-тоаш пирӯз шуда, дар 6-тоаш шикаст хӯрдааст, аз он ҷумла дар UFC (Ultimate Fighting Championship) аз чаҳор рақобат дар дутоаш ғолиб омада, дутоашро бохтааст. Вазнаш 61 килограмм ва қадаш 1 метру 70 сантиметр мебошад.

Риня Накамураи 29-сола бошад, дар муҳорибаҳои ММА ҳамагӣ 10 қувваозмоӣ карда, дар яктоаш шикаст хӯрдааст, аз он ҷумла дар UFC ду пирӯзӣ ва як бохт дорад. Қадаш 1метру 70 сантиметр, вазнаш 61 килограмм аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад