ҲАЁТИ СОЛИМЭҳёи дубораи анорзорҳои ноҳияи Дӯстӣ пас аз сардии 2023

Эҳёи дубораи анорзорҳои ноҳияи Дӯстӣ пас аз сардии 2023

-

Яке аз дарахтони анори Боҳтур Анамуродов

Баъд аз таъсири сардиҳои зимистони соли 2023 анорзорҳои ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳосил даромад. Соли гузашта анорпарварон аз ҳосил маҳрум шуда буданд. Боҳтур Анамуродов аз кишоварзоне аст, ки соли сипаришуда дар пайи сармо анорбоғаш аз даст рафт. Тамоми дарахтонро сармо зад ва ӯ ноилоҷ онҳо аз бех бурид. Ин баҳор дарахтон аз нав сабзиданд ва акнун бо хонаводааш ба ҷамъоварии ҳосил машғул аст.
Дӯстӣ аз ноҳияҳои овозадори ҷануби Тоҷикистон дар самти анорпарварӣ аст, ки ҳамасола аз ин ноҳия садҳо тонна анори хушсифат содир мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2023 майдони умумии анорбоғҳо дар ин ноҳия 737 га буда, дар пайи сардиҳои зимистони ҳамон сол танҳо 60 га-и он солим монда буд, ки  ҳосили хуб надод. Бо тавсияи мутахасиссони соҳаи аграрӣ, барои дубора барқарор шудани анорбоғҳо, деҳқонон буриши дарахтонро аз сатҳи замин анҷом доданд. Ба гуфтаи мутахасисони соҳа, анорбоғҳо баъд аз се соли буриш ҳосил медиҳанд. Вале дар соли дуюм қисме аз онҳо дубора ба ҳосил даромад.

Анорбоғи Боҳтур Анамуродов дар Ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ  дар масоҳати 0, 50 га бунёд гардидааст. «Бори дуввум аст, ки анорбоғҳоро сармо мезанад. Соли 2014 низ ин мушкилро аз сар гузаронидем. Бо тавсияи мутахасисони соҳа дарахтонро аз сатҳи замин буридем ва дубора аз решаи дар хокбуда сабзиданд.»,-ба ёд овард ин деҳқон.

То як соли пеш ҳосили ӯро аз хона харидорӣ мекарданд ва аз 5- 7 сомонӣ барои ҳар киллои анор ба ӯ маблағ медоданд. Боҳтур Анамуродов умед дорад, ки ҳосили имсоларо каме гаронтар мефурӯшад.

Комил Хоҷаёров, собиқ сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, дарахти анор дар 12 дараҷа сардӣ тобовар аст. Аммо сардии зимистони 2023 аз ин бештар буд. То соли 2022 аз ҳар як га боғи анор беш аз 13 тонна анор ҷамъоварӣ мешуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад