МУВАФФАҚИЯТТаъсири филмҳои тасвирӣ ба кӯдакон

Таъсири филмҳои тасвирӣ ба кӯдакон

-

Қаҳрамонҳои филми тасвирӣ, ки кӯдакон ба онҳо тақлид мекунанд. Акс аз шабакаи интернет

Аз оғози истифодаи пропагандаи оммавӣ (Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ) яке аз объектҳои асосӣ насли наврас буд ва аниматсия низ тақрибан ҳамон вақт ба таври фаъол инкишоф ёфт.

Аниматсия агарчи барои вақтхушиҳои кӯдакон хеле муҳим аст, аммо тамошои беназорати он метавонад на танҳо ба афкори кӯдак, балки ба рӯҳияи ӯ низ таъсири манфӣ расонад. Зеро, муҳтавои онҳо аксар вақт аз пропаганда орӣ нест.

Дар фазои муосири интернетӣ миқдори зиёди муҳтаво барои кӯдакон дастрас аст. Аз қабили филмҳои тасвирию ҳуҷҷатӣ, маводи таълимӣ. Аммо дар баробари захираҳои муфиду бехатар, захираҳои хатарнок низ ҳастанд. Аз ин рӯ, барои таъмини амнияти кӯдакон ҳангоми истифодаи интернет чора бояд андешид.

Персонажҳои филмҳои тасвирӣ муҳимтарин қаҳрамонҳое мебошанд, ки кӯдакон ба онҳо тақлид мекунанд. Аз ин рӯ, агар қаҳрамони филм як чеҳраи хашин бошад, кӯдакон низ аз ӯ хушунатро меомӯзанд ва онро такрор мекунанд.

Акс аз манбаҳои боз

Пас, чӣ бояд кард?

Бо фарзандонатон он чизеро, ки дар телевизион ё интернет мебинанд, муҳокима кунед. Вақте шумо бо фарзандони худ барномаҳои телевизионӣ ё филмҳоро тамошо мекунед, ба онҳо саволҳо диҳед: «Чаро қаҳрамони асосии филми тасвирӣ ба шумо писанд аст», «Аз ин филм чӣ паём гирифтед?»

Ба кӯдакон манбаҳои хуби иттилоотро нишон диҳед. Якҷоя бо фарзандони худ аз интернет ё китобҳо сарчашмаҳои боэътимоди иттилоотро пайдо кунед.

Ба кӯдакон кумак кунед, ки тафаккури интиқодии хешро инкишоф диҳанд то тавонанд муҳтаворо таҳлил намоянд, байни маълумоти воқеӣ ва дурӯғ фарқ гузоранд ва дарк кунанд, ки на ҳама чизе, ки онҳо дар Интернет мебинанд, боэътимод ё бехатар буда метавонанд.

Ба кӯдакон дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани маълумоти шахсӣ дар интернет, чораҳои бехатарӣ ва тафовут байни пропаганда ва маълумоти саҳеҳро шарҳ диҳед.

Ҳоло филмҳо, намоишҳои телевизионӣ, бозиҳо ва албомҳои мусиқӣ дар ҷаҳон таснифбандии синнусолӣ шудаанду дарёфти  мавод барои волидон осон гардидааст. Кишварҳои мутараққии ҷаҳон низ таснифбандии синнусолиро дар филмҳо ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ тибқи қонунгузорӣ масъулин ин масъалларо бояд риоя кунанд. 

«…- филмҳое, ки барои кӯдакони то шашсола пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «0+» ишора карда мешаванд;
— филмҳое, ки барои кӯдакони аз шашсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «6+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакони аз шашсола боло» ишора карда мешаванд;
— филмҳое, ки барои кӯдакони аз дувоздаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «12+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакони аз дувоздаҳсола боло» ишора карда мешаванд;
— филмҳое, ки барои кӯдакони аз шонздаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «16+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакони аз шонздаҳсола боло» ишора карда мешаванд;
— филмҳое, ки барои тамошобинони аз ҳаждаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «18+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакон манъ аст» ишора карда мешаванд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои намоиш ё паҳн кардани филм дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, ӯҳдадоранд тамошобинро пеш аз пахши филм дар бораи категорияи синнусолии он хабардор намоянд.» (Моддаи 16-и қонун «Дар бораи кино»)
Бахтиёр Қаҳҳоров

Бахтиёр Қаҳҳоров, роҳбари Студияи аниматсионии “Тасвир” бобати чигунагии таъсири филму тасвир ба афкори кӯдакону наврасон чунин назар дорад:

«Падару модар мутаваҷҷеҳ бояд шаванд, ки эффектҳои махсус ҳисси хушунатро бедор мекунад. Филме, ки бисёр писанд аст-“Маша ва медвед”, ки падару модар бо хурсандӣ мехаранд, бачаҳо бо хурсандӣ тамошо мекунанд, дар он низ иттилооте ҳаст, ки барои падару модар ва кӯдакон таъсири бад дорад. Баъди тамошои ин филм падару модар метавонад дар ҳайрат монад, ки чаро кӯдакон гӯш намекунанд. Зеро, Маша хирсро писанд намекунад. Кӯдакон инро як ибрат барои худ мегиран. Агарчи Хирс дар филм чеҳраи бузургсол аст… Масалан, ман вақте ба мағозаи дискфурӯшӣ ворид мешавам, он аниматсияе,ки мефурӯшанд, тақрибан 70-80%-и онҳо хушқнат дорад. Бинобар ин, дар ҳар хонавода бойгонии филмҳои тасвирие бошад, ки аз зеҳни падару модар филмҳо гузашта бошанд. Онҳо барои кӯдакони хеш интихоб кунанд.»

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳад, ки кӯдакони 3-7-сола дар як рӯз то 30 дақиқа, кӯдакони 7-10 сола  30-50 дақиқа телевизион тамошо кунанд. Масофа телевизион аз чашм набояд аз се метр кам бошад. Аммо  аксар вақт ин тавсияҳо мадди назар мешавад.

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
1
+1
2
+1
0
+1
2
+1
3
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад