БОЛОрзуҳои бузурги Шикебо: ифтитоҳи беморхона дар Ватан, Олмон ва...

Орзуҳои бузурги Шикебо: ифтитоҳи беморхона дар Ватан, Олмон ва Канада

-

Шикебо зимни кумак бо нафари маъюбиятдошта. Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Шикебо Мирмаҳмедова меҳмони навбатии “Бол” аст, ки ҳоло дар Олмон кору таҳсил дорад.

«Падарам табиб аст ва аз аввал мехост, ки ман ҳам давомдиҳандаи касби ӯ бошам. Бинобар ин, пас аз синфи чорум ба гимназия рафта, забони олмонӣ омӯхтам. Пас аз 3,5 сол имтиҳон супурдам, вале Олмон рафта наметавонистам, зеро, сафорат ба ноболиғон иҷозаи сафару таҳсилро намедиҳад. Бинобар ин, пас аз хатми мактаби миёна ба ман муяссар шуд, ки ба Олмон сафар кунам. Хушбахтона, ҳоло дар мактаби махсуси касбомӯзӣ бо ихтисоси табиби бемориҳои пӯст таҳсил мекунам ва инчунин дар беморхона фаъолият дорам.», — иттилоъ дод Шикебо.

Шикебо ба Олмон бо барномае сафар кард, ки тибқи он ба нафарони маъюбиятдошта бояд кумаки тиббӣ расонид. Ӯ се моҳи аввал ба нигоҳубини 15 маъюб машғул шуд ва бо ёфтани имкон тариқи барномаи “Ausbildung” ба мактаби махсус дохил шуд.

Мактаб ба Шикебо имкон медиҳад, ки ҳам омӯзад ва ҳам донишҳои хешро дар амал тадбиқ намояд. Ӯ ҳоло аз таҳсилу кораш розист ва кӯшиш дорад, ки ҳарчӣ бештар соҳаи интихобкардаашро омӯзад.  Ҳоло вай  дар беморхонаи бемориҳои пӯст кор мекунад.

«Дар як ҳафта се рӯз кор мекунаму 2 рӯз дарс меравам. Кор мушкил нест, баръакс хуб аст, ки назарияро бо амалия дар як вақт омӯхтаву амалӣ карда истодаам, вале бояд бигӯям, ки дарсҳои мактаб каме душвор аст, зеро истилоҳоти духтуриро омӯхтан осон нест.», — илова кард ӯ.

Шикебо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва ҳар моҳ 550 евро иҷорипулӣ мепардозад. 

Пас аз хатми мактаби махсус ният дорад ба муассисаи олии тиббӣ дар Олмон дохил шавад.

«Ният дорам, ки дар Хуҷанд ва Душанбе муассисаи тиббии хешро ифтитоҳ намоям. Баъдан дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, Олмону Канада. Хулоса, нақшаҳоям калон ҳастанд ва мекӯшам, ки ба ҳамааш бирасаму ифтихори давлату миллатам гардам.», — таъкид мекунад Шикебо.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад