МУВАФФАҚИЯТДу бонуи тоҷик баландтарин ҷоизаҳои Форуми байналмилалии занони ихтироъкорро...

Ду бонуи тоҷик баландтарин ҷоизаҳои Форуми байналмилалии занони ихтироъкорро соҳиб шуданд

-

Муқаддас Қурбонова ва Саврибегим Ёрмамадова устодони ДМТ охири моҳи августи соли ҷорӣ дар Форуми 15-уми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ соҳиби шоҳҷоиза ва медали тилло гардиданд. Дар ин форум Муқаддас Қурбонова ихтирооти хеш- “Истифодаи хӯлаҳои алюминий бо бериллий дар саноати мошинсозӣ”-ро муаррифӣ намуд. Мутахасиссони сатҳи байналмилалӣ кори ӯро баррасӣ намуда,  медали тиллоро ба ин бонуи тоҷик сазовор донистанд.

Муқаддас Қурбонова бовар дорад, ки  ихтирооти ӯ оянда дар соҳаи алюминий ва мошинсозӣ метавонад васеъ истифода мешавад. 

“Тӯли панҷ сол мешавад, ки мо доир ба истифодаи хулаҳои алюминий бо иловаи металҳои ишқорӣ машғулият мегузаронем. Тибқи коркарди илмӣ ба хулосае омадем, ки маҳз хулаҳое, ки мо ихтироъ мекунем дар заводи алюминий ва Текстилмааш татбиқи худро ёфта метавонанд. Хулаҳои алюминий ва берилий соҳаи истифодабарии хеле васеъ доранд махсусан дар соҳаи ҳавопаймосозӣ, киштисозӣ, ракетасозӣ бештар истифода бурда мешаванд”,-мегуяд Муқаддас Қурбонова. 

Саврибегим Ёрмамадова бо ихтирои хеш дар мавзӯи “Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл” шоҳҷизаи форумро соҳиб гардид. Ӯ соли 2017 дар форуми мазкур фосилавӣ ширкат намуда, сазовори медали биринҷӣ гардида буд.

Саврибегим мегӯяд, бо истифода аз имкониятҳои гиёҳҳои ватанӣ кушиш доранд оянда лоиҳаи маводҳои дорувориро пешниҳод намуда, ба ин васила дар коҳиши маҳсулоти воридотӣ саҳми хешро гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми 15-уми байналмилалии занони ихтироъкор, аз 25 то 27-уми августи соли равон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ бо иштироки намояндагони 30 давлати узви Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва 500 ихтироъкор баргузор гардид. 

 Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад