ҲАЁТИ СОЛИМШакар-"марги сафед" ва қиматаш "заҳр"

Шакар-«марги сафед» ва қиматаш «заҳр»

-

Бисёре аз кормандони соҳаи тандурустӣ шакарро марговартарин меҳисобанд ва онро марги сафед низ унвон мекунанд. Биологҳои амрикоӣ пешниҳод мекунанд, ки шакар ва ширинкунандаҳо дар асоси омехтаи фруктоза ва глюкоза бо машрубот ва тамоку баробар дониста шаванд, зеро, шириниҳо боиси як қатор бемориҳо ва синдроми музмин мегардад.

Ду таҳқиқоти бузурги солҳои 1990-ум нишон додааст, заноне, ки аз як ҳисса (порсия) бештар нӯшокиҳои дорои шакар ё афшураи мева менӯшанд, нисбат ба онҳое, ки чунин нӯшокиҳоро кам истифода мекунанд, ду маротиба бештар гирифтори диабети қанд буданд.

Онҳоеро ки зиёд ширинӣ  истеъмол мекунанд, хатари гирифтор шудан ба диабети навъи 2, бемориҳои дилу раг ба онҳо таҳдид мекунад.

Бидуни шакар низ зистан имкон дорад. Замоне буд, ки одамон танҳо чанд моҳи сол, мавими мева талаботи организмро ба қанд таъмин мекарданду халос…

Авзои мураккаби ҷаҳон арзиши ғизои асосиро дар саросари ҷаҳон бол бурд. Аз ҷумла, маҳсулоти авалия- орду равған ва шакар.

Ҳиссаи ками орду равған дар Тоҷикистон тавлид мегардад, вале шакар аз хориҷ ворид мешавад. Ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукмати Тоҷикистон, соли 2021  аз 162,1 ҳазор тонна шакар бба маблағи 86,2 миллион доллар ворид гардидааст.

Инчунин қимати ин маҳсулот гаронтар мешавад. Айни замон 1 кг шакар дар Душанбе ва навоҳии атроф 11,5-12 сомонӣ ва дар ноҳияҳои дурдаст аз ин каме бештар аст.  Соли гузашта шакар 8-9 сомонӣ арзиш дошт.

Дар ҳамин ҳол қаннод Диля Абдуллоева мегӯяд, баъзе аз анвои шириниву кулчақандро метавон бидуни шакар таҳия кард ва ба ҷои он аз меваҷоту буттамева истифода кард. “Дар дохили торт (торти мусӣ ё муссовый торт) асал, қулфинай, олучаи ватанӣ ва ғайраро истифода бурдан мумкин аст. Дар Русияву Амрико аз шакар истифода намекунанд.”-таъкид мекунад ин қаннод.

Айни ҳол мавсими мевапазӣ фаро расида,  қимат низ нисбат ба меваҳои воридотӣ ба маротиб арзон аст. 

Анушервони Билол, мутахасиси муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ғизо мегуяд, истифодаи меваю сабзавот дар ҳама ҳолат ба саломатии инсон муфид буда, шахсро аз ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад.

Баҳруллои Маҳмадшариф

Акси асосӣ аз BBC

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад