НАВИДФутбол бозии наврӯзӣ мегардад?

Футбол бозии наврӯзӣ мегардад?

-

6-ум Анҷумани Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) 16 декабр дар Душанбе баргузор шуд. 

Равшан Эрматов, ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар ин анҷуман пешниҳод кардааст, ки  мусобиқаи Ҷоми Наврӯз байни дастаҳои миллии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Дар анҷуман президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ, ноиби президенти CAFA Дастанбек Конокбоев (Қирғизистон), аъзои Кумитаи иҷроияи CAFA — Равшан Эрматов (Узбакистон) ва Меҳдӣ Тоҷ (Эрон), роҳбарон ва вакилони федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон ширкат доштанд. Намояндагони Федератсияи футболи Туркманистон ба таври онлайн иштирок карданд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид доштааст, ки соли 2022 нақша доранд ҳашт мусобиқаро барои синну соли гуногун ташкил намоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад