НАВИДБарномаи рушди футбол ба мо чӣ дод?

Барномаи рушди футбол ба мо чӣ дод?

-

10-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии футбол (World Football Day) аст. Ин сана аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид интихоб гардидааст.

Футбол яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, Англия ватани он ҳисобида мешавад, ки аввалин мусобиқаи расмӣ соли 1872 дар қаламрави ин кишвар баргузор шудааст. Аз он замон то инҷониб 21 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол баргузор шудааст, ки охиринаш соли 2018 дар Русия доир гаштааст.

Ҳоло футбол на танҳо бозӣ, балки як тиҷорати бузурги варзишӣ низ мебошад. Футболбозони маъруфи ҷаҳон маоши калон мегиранд.

“Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нақшаҳоеро эълон кард, ки мувофиқи он то соли 2026-ум 60% аҳолии ҷаҳон ба футбол машғул хоҳанд шуд. FIFA ният дорад, ки барои рушди ин бозӣ чор миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд. “Динамо”-и Душанбе аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад.”-менависад Радиои Озодӣ.
Соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1994 ба узвияти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол ба узвияти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) пазируфта шудааст.

Ба мақсади рушд ва оммавӣ гардидани футбол дар кишвар Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 мавриди амал аст. Қаблан Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016 қабул шуда буд, ки  ҳадаф заминасозӣ мутобиқгардонии инфрасохтори соҳаи футбол ба талаботҳои ҷаҳонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ дар кишвар унвон гардида буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад