МУВАФФАҚИЯТКандакорӣ дар қисми низомӣ (Видео)

Кандакорӣ дар қисми низомӣ (Видео)

-

Дар рафти хидмати ҳарбӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидан дар қисмҳои низомӣ зиёд мушоҳида мегардид. Ҳамчунин як гуруҳе аз сарбозон дар қисми низомӣ сохтмончӣ мегарданд.

Кандакорӣ, ки як ҳунари миллӣ маҳсуб мегардад, танҳо дар  қисми ҳарбии 35/02-и Раёсати Қӯшунҳои дохилаи ВКД омӯзонида мешавад. Сарбозон баъди адои хидмат ба ҷуз билети ҳарбӣ боз бо як ҳунар ба хона бармегарданд.

Абдулазиз Гадоев, ки таҷрибаи чиҳилсолаи  кандакорӣ дорад, соли сеюм аст дар қисми ҳарбии 35/02-и Раёсати Қӯшунҳои дохилаи ВКД фаъолият дорад. Ӯ дар ин қисми низомӣ Шуъбаи кандакорӣ ва дуредгариро боз намуда, ба сарбозон аз нозукиҳои ҳунар мегӯяд ва муҳаббати касбро дар қалбашон ҷой месозад.

“Шавқу ҳавас доштан дар кандакорӣ муҳим аст. Ба хусус, дар лавҳаҳои маҳину рез, ки хеле борикбинӣ ва сабри комилро металабад. Вале агар шавқ бошад, сабр худ пайдо мешавад ва дидани самараи кор бар ин ҳама қувват мебахшад.”, — мегӯяд устои кандакор.

Ӯ мегӯяд, имрӯз бедор кардани шавқи ҷавонону сарбозон мушкил буда, ягона роҳ- нишон додани натиҷа аст то дилгарм шаванд.

“Замоне бобои модариам ба ин касб машғул буд ва шабу рӯз бо чӯбу тахта кор мекард. Андеша мекардам, ки ӯ пир шудааст ва аз бекорӣ кандакорӣ мекунад. Вале пас аз хатми синфи 8-ум аз Осорхонаи Камолиддин Беҳзод дидан кардам ва кандакориҳои онҷоро дида, назарам ба ин касб комилан тағйир кард. Дарки ҳунари кандакорӣ ва чӣ андоза зебову диққатҷалбкунанда будани онро ҳамон вақт пай бурдам. Ва имрӯз аз ин таҷрибаам дар қисми ҳарбӣ истифода мебарам.”, — мегӯяд Усто.

Усто Азиз маҳорати ҳар як сарбозро бо талошу шавқу шӯраш омӯхта, ҳамаи онро ба назар мегирад. Сарбозон дар алоҳидагӣ ва ҳамчунин дастаҷамъона корҳои амалӣ анҷом медиҳанд. Як гурӯҳи аскарон аллакай нозукиҳои касбро омӯхтаанд ва мустақилона ба кандакории маҳин машғуланд. Мизу курсӣ, ҷевон, тирезаву дарҳои яктабақаву дутабақа ва лавҳаҳои рез назире аз маҳсули дасти сарбозон аст.

Офаридаи аскарон дар бойгонии қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳар ҷашну маросим низ муаррифӣ мегардад. Агар ҳар ончи барои истифодаи шахсӣ лозим ояд, онҳо дар фориғӣ месозанд.

Усто Азиз мегӯяд, дар ҳунари кандакорӣ ҳар як компазитсия қаблан рассомӣ мешавад. Бинобар ин, ҳунари рассомӣ доштани наҷҷор хеле муҳим аст. Инчунин ӯро мебояд аз зебоии табиат истифодаи хуб намояд. Он вақт ки нақшаи кор омода шуд, онро рӯи тахта мебардорад ва боҳавсала коркард мекунад.

“Барои омода сохтани як лавҳаи гулкории бо андозаи ба 0.80 х1.20 м 3 рӯз лозим меояд ва агар онро гурӯҳи сарбозон дастаҷамъона омода созанд, 1 рӯз кифоят мекунад.”, — меафзояд усто.

Ба гуфтаи ӯ, кори дастаҷамъонаи сарбозон диданӣ ва шавқовар аст. Вале дар байни онон ҷавонони камҳавсала ва камсабр низ пайдо мешавад. Ҳамчунин нафароне низ ҳастанд, ки ба кафшергариву дуредгарӣ ё ба таъмири мошин рағбат доранду ба корҳое нозуку заҳматталаб мисли кандакорӣ майле намекунанд.

Усто Азиз ба шогирдон таъкид мекунад, ки “аз чӯб ҳама чиз сохта мумкин аст, аз дасти ҳар як инсон бармеояд ва кори ғайримумкин дар олам вуҷуд надорад.”

Меҳрофарин НАҶИБӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...

96%-и кӯдакони то 12-моҳа иммунизатсия шуданд

Соли равон мо 50-солагии Барномаи Васеи Иммунизатсия таҷлил мешавад. Соли 1990 дар Тоҷикистон сатҳи фавти кӯдакони то 5-сола баланд...

Медали биринҷии Темур Раҳимов дар Чемпионати Осиё

Темур Раҳимов (+100) дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Ҳонконг, дар мубориза барои нишони биринҷӣ рақибаш Азамат Чочаев...

Соҳибкории иҷтимоӣ: талош барои тағйироти мусбат дар ҷомеа

Соҳибкории иҷтимоӣ тиҷоратест, ки ҳадаф аз таъсиси он рисолати иҷтимоӣ ва хайрхоҳона мебошад. Бо соҳибкории иҷтимоӣ метавон даромад гирифт ва...
spot_imgspot_img

Дар кадом навъи Samsung хати сабз пайдо мешавад?

Дар дисплейи баъзе аз телефонҳои Galaxy S21 хати сабзи борик пайдо мешаванд. Сабаби дақиқ маълум нест, аммо он метавонад...

Мушкилоти келинҳои донишҷӯ

Зиндагии донишҷӯ-келинҳо соддаву оддӣ нест. Ба ҷуз иштирок дар дарсҳои донишгоҳӣ ташвишҳои ҳаррӯзаи хона зам мешаванд. Бархе аз ин донишҷӯ-келинҳо...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад