БИЗНЕС-КЛУБДастовардҳои Билл Гейтс

Дастовардҳои Билл Гейтс

-

Соли 2025 Forbes дороии Билл Гейтсро 108 миллиард доллар арзёбӣ намуда,  мақоми 13-умин сарватманди ҷаҳонро ба ӯ ихтисос дод.

Уилям Ҳенрӣ Гейтс III, бештар бо номи Билл Гейтс маъруф буда, 28 октябри соли 1955 дар шаҳри Сиэтли иёлати Вашингтон дар оилаи ҳуқуқшинос Уилям Ҳенрӣ Гейтс II таваллуд шудааст. Падаркалони ӯ шаҳрдор ва сенатор буд, бобояш муовини президенти Бонки Миллӣ. Дар хона ӯро бо лақаби Трей ном мебурданд. Билл ду хоҳар дорад, Кристи ва Либбӣ…

Ӯ ҳанӯз дар наврасӣ барноманависиро оғоз карда, барои мактаб ва ширкатҳои маҳаллӣ барнома менавишт. Дар 13-солагӣ аввалин барнома ё бозии худро  бо номи «Tic—Tac—Toe« дар забони BASIC навишт. Дар 16-солагӣ ҳамроҳ бо дӯсташ Пол Аллен рӯй ба тиҷорат оварда аз барномаи ҳисобкунии ҳаракати нақлиёт дар Сиэтл $20 000 ба даст оварданд.

Соли 1973 Гейтс бо медали тилло мактабро хатм карда, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд. Аммо дар курси сеюм донишгоҳро тарк карда, барои пешбурди тиҷорати худ – Microsoft машғул шуд. Соли 1985 ширкат аввалин нусхаи системаи оператсионии Windows-ро ба бозор баровард… Июни 2007 Гейтс, мувофиқи қарори маъмурияти донишгоҳ, пас аз 30 сол дипломи Ҳарвардро гирифт.

Гейтс дар Microsoft фаъолона барнома менавишт, аммо баъд аз соли 1989 бештар вазифаҳои роҳбариро иҷро мекард. Соли 2000 ӯ аз вазифаи директори генералии Microsoft истеъфо дода, раиси шӯрои директорон шуд то ба корҳои хайриявӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим вақт дошта бошад.

Гейтс соли 1987 миллиардер шуд, соли 1996 бори аввал дар сархати сарватмандтарин одамони ҷаҳон ворид гардид.

Гейтс соҳиби амволи гаронбаҳост, кушке дар соҳили кӯл дар иёлати Вашингтон бо масоҳати 6130 м² ва арзиши тақрибан $80 миллион, ҷазираи хусусии тропикӣ дар Белиз ба арзиши тақрибан $25 миллион дорад. Ӯ инчунин коллексионери тасовир буда, арзиши онҳо $30 миллион арзёбӣ мешавад.

Соли 2006 ширкати TerraPower-ро таъсис дод, ки ба таҳияи реакторҳои нави ҳастаӣ машғул аст.

Соли 2014 аз вазифаи раиси шӯрои директорон истеъфо дод ва мушовири ширкат шуд. Марти 2020 аз ҳайати шӯрои директорон комилан хориҷ гардид.

Аксҳо аз манбаъҳои боз

1 январи соли 1994 бо ҳамкораш Мелинда Френч издивоҷ кард. Онҳо соҳиби ду духтар ва як писар шуданд. Якҷо бо ҳамсараш Хазинаи хайриявии Билл ва Мелинда Гейтсро таъсис доданд. Дар давоми 20 соли фаъолият онҳо 53,8 миллиард доллар хайр карданд. Соли 2021, пас аз 27 соли издивоҷ ва 34 соли зиндагии муштарак Билл ва Мелинда аз ҳам ҷудо шуданд.

Ҳамсараш моҳи майи 2024 ӯ фонди муштаракро тарк кард ва мувофиқи созиш бо Гейтс барои лоиҳаҳои хайриявӣ ба нафъи занону оилаҳо $12,5 миллиард гирифт.

Билл Гейтс ба ҳисоби миёна ҳафтае як китоб мехонад. «Ҳамеша ба таътил як ҷомадон китоб бо худ мебарам», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба Time.

Билл Гейтс якҷо бо миллиардер Уоррен Баффетт ташаббуси The Giving Pledge-ро роҳандозӣ кардаанд то соҳибкоронро ба он водор кунанд, ки нисфи дороии худро ба хайрия масраф намоянд.

Фишурда аз сомонаи forbes

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад