ҲАЁТИ СОЛИМСобиқ сарвазири Исроил Олмерт: муноқишаи Ғаза "ҷанги шахсии Нетаняҳу"...

Собиқ сарвазири Исроил Олмерт: муноқишаи Ғаза «ҷанги шахсии Нетаняҳу» аст!

-

Ба гуфтаи Эҳуд Олмерт, сарвазири пешини Исроил (солҳои 2006–2009), муноқиша дар минтақаи Ғаза барои Бинямин Нетаняҳу ба як «ҷанги шахсӣ» табдил ёфтааст, ки ҳадафи воқеии расидан ба он вуҷуд надорад. Дар мусоҳиба бо маҷаллаи фаронсавии L’Express, ӯ изҳор дошт:

«Нетаняҳу на ҳадафи сиёсӣ ва на ҳарбии дастрас надорад. **Фикри «ғалабаи комил»-и ӯ ягон маъно надорад», — гуфтааст Олмерт.

Ба андешаи ӯ, сарвазири кунунӣ бо ин ҷанг кӯшиш мекунад лаҳзаи рӯ ба рӯ шудан бо паёмадҳои сиёсии қарорҳояшро ба таъхир андозад.

Ёдовар мешавем, ки 18 май артиши Исроил аз оғози амалиёти заминии бузурге бо номи «Аробаҳои Гидеон» дар қисмҳои шимолӣ ва ҷанубии Ғаза хабар дода буд. Мақсади ин амалиёт мағлуб кардани пурраи ҳаракати ҲАМОС ва озод кардани тамоми гаравгонон дар Ғаза эълон шудааст. Нетаняҳу гуфта буд, ки пас аз анҷоми амалиёт, артиши Исроил мехоҳад идораи пурраи минтақаи Ғазаро ба даст гирад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад