ҲАЁТИ СОЛИММаблағгузорӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ меафзояд. Шаффофият чӣ гуна аст?

Маблағгузорӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ меафзояд. Шаффофият чӣ гуна аст?

-

Барои расондани Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ҳамасола аз буҷаи давлат миллионҳо сомонӣ ҷудо мегардад ва сол то сол афзоиши ин маблағҳо мушоҳида мешавад. Агар соли 2012 ҳамагӣ 86,2 миллион сомонӣ барои 215 ҳазору 538 оила ҷудо гардида буд, соли 2025-ум 263,9 млн барои 222 ҳазору 903 оила ҷудо гардидааст.

Пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо дар асл камбизоат ҷиҳати таъйин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ яке аз мақсадҳои аслии ҳукумати кишвар аст.

Созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам барои таъмини шафофият дар самти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар паҳлӯи мақомоти давлатӣ ҳиссагузорӣ мекунанд. Иттилоотонии аҳолӣ, омӯзиши кормандони бахши иҷтимоӣ аз чорабиниҳое ҳаст, ки чанде аз созмонҳои  ҷамъиятӣ анҷом медиҳанд.

Зуҳро Мирзоева, намояндаи ТҶ “Ҷаҳон”

ТҶ “Ҷаҳон” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия як қатор омӯзишҳоро баргузор кардааст. Ба иттилои Зуҳро Мирзоева, намояндаи ТҶ “Ҷаҳон” беш аз 200 нафарро дар ҳашт семинар омӯзиш доданд.

“Иштирокчиён аз бахшу шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, раисони ҷамоатҳо, ки бевосита дар самти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муттасадӣ ҳастанд, ҷалб шуданд. Яъне, ашхосеро ҷалб кардем, ки дар ин соҳа кор мекунанд то донишҳои гирифтаашонро дар амал татбиқ намоянд… Иштирокчиён дарк карданд, ки коррупсия натанҳо ба худи оила балки ҷомеа, ба имиҷи корманди давлатӣ, дар умум ба давлату ҳукумат оқибати манфӣ мерасонад.”,-ба ёд овард аз таассуроти иштирокчиёни омӯзшиҳо намояндаи ТҶ “Ҷаҳон”.

Соима Муҳаббатова, Сардори шуъбаи сиёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ

Соима Муҳаббатова, Сардори шуъбаи сиёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ мегӯяд, агар солҳои аввали ҳамагӣ чанд ноҳия кумакҳои унвонии иҷтимоиро дарёфт мекарданд, аз соли 2020-ум 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба барномаи КУИ ворид карда шуд ва ҳамаи ниёзмандоне, ки ба талаботи барнома ҷавобгӯянд, аз ин кумакҳо баҳравар мегарданд.

Аммо ба бовари ӯ, ҷалби кормандони иҷтимоӣ дар ҳама ҷамоатҳо зарур аст.
“Барои таъмини шаффофияти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ) дар 422 ҷамоат бояд корманди иҷтимоӣ ҷалб намоем. Аммо, музди маоши онҳо аз ҳисоби маблағҳои КУИ пешбинӣ гардидааст. Мо дар ин теъдод ҷамоатҳо кормандонро ҷалб карда наметавонем, вале талош дорем”,- гуфт С. Муҳаббатова.

Тартиби гузаронидани санҷиши эътимоднокии маълумотҳои пешниҳоднамудаи муроҷиаткунанда барои таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мушаххас шудааст. Тибқи ин тартиб онҳое, ки бо роҳи фиреб кумакҳои унвонии иҷтимоиро дарёфт мекунанд, маблағро бармегардонанд. Ҳамчунин барои ин корашон ҷазо дода мешаванд. Яъне, 3 сол аз гирифтани ин кумакҳо маҳрум мегарданд.

Дар ҳамин ҳол Соима Муҳаббатова мегӯяд, индикаторҳои вазъи некуаҳволӣ барои таъин кардани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ низ бояд тағйир ёбад ва дар ин самт корҳо идома дорад.  

«Барои фарогирии бештари аҳолии камбизоат бояд индикаторҳо аз нав дида шаванд. Чунки як вақт чунин буд, ки антенаи моҳвораӣ дорӣ, ту камбизоат нестӣ. Ту ину он дорӣ, камбизоат нестӣ. Инҳо бояд арзёбӣ шуда наметавонанд. Бинобар ин, индикаторҳо дар соли 2025 аз нав баррасӣ мекунем камбизоатҳоро муайян менамоем.»,-иттилоъ дод сардори шуъбаи сиёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад