ҲАЁТИ СОЛИМТарҳрезии дақиқи сохтмони метро тобистон шурӯъ мешудааст

Тарҳрезии дақиқи сохтмони метро тобистон шурӯъ мешудааст

-

Тарҳрезии дақиқи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе моҳҳои июн — июли соли 2025 шурӯъ мегардидааст. Дар ин бора «Паёми Душанбе» — нашрияи расмии МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2024 роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои нақлиёт, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои иеъморӣ ва сохтмон, замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҶСП «Шабакаи интиқоли барқ», Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» ба татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон оғоз карда буданд. Ҳанӯз баҳори соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ки он барои бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад