ҲАЁТИ СОЛИМБунавша Султонӣ: муттаҳидӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои тағйирёбии иқлим...

Бунавша Султонӣ: муттаҳидӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои тағйирёбии иқлим нақши муассир дорад

-

Бунавша ба варақаҳои иттилоотӣ паҳн мекунад

Бунавша Султонӣ, як ҷавондухтари фаъоли афғон аст, ки чанд соли ахир дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Ӯ мақоми паноҳандагӣ дорад, вале дар Тоҷикистон худро бегона эҳсос намекунад. Дар корҳои ҷамъиятӣ ҳамеша фаъол аст.

Вақте Ташкилоти ҷамьиятии “Маьрифати шаҳрвандӣ” дар доираи Лоиҳаи «Ташаббусҳои ҷавонони тоҷику афғон дар пешгирии хатарҳои тағйирёбии иқлим» корро шурӯъ намуд, Бунавша яке аз фаъолон буд. Ин лоиҳа аз ҷониби Комиссия оид ба Барномаҳои рушди демокиратияи Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе дастгирии молиявӣ ёфт.

Бунавша зимни суханронӣ дар Конфронси «Иттиҳоди ҷавонон баҳри ҳимояи экологияи тоза» 29.11.2024

Дар доираи лоиҳа беш аз 60 нафар ҷавони тоҷику афғон ба омӯзиш фаро гирифта шуда мавзӯҳои экологӣ, инчунин навиштани лоиҳаҳоро омӯхтанд. Пас аз омӯзиш озмуни дарёфти субгрант эълон гардида, 10 нафар соҳиби субгрант шуданд. 

Мақсад аз пешниҳоди субгрантҳои хурд дастгирии ташаббусҳои навоваронаи ҷавонон дар самти кор бо ҷомеаи маҳал барои беҳтар кардани муҳити зист, паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим буд, ки ҷавонони ташаббускор маблағҳои дар грантҳои хурд нишондодаро барои харидории белу каланд, муза, омода намудани панара барои доштани ифлосии канал, қуттӣ барои партовҳои пластик, нашри варақа ва гӯшаи тарғиботӣ барои огоҳонии аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба ҳашарҳои тозагардонии канал сарф карданд.

Бунавша бо ҷамъи ҳамкорон байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад

Бунавша Султонӣ яке гирандагони субгрант буд. Зеро, лоиҳаи ҷолибе таҳия навишта буд. Ӯ брошураҳои иттилоотӣ чоп намуда, байни ҷавонони тоҷику афғон аксияҳои таблиғотӣ гузаронд, ки аз натиҷаи корҳои хеш қаноатманд аст. 

«Муваффақияти кори мо дар он аст, ки лоиҳа дар ҳамбастагии мардуми тоҷику афғон кумак мекунад ва Иттиҳоди ҷавонони тоҷику паноҳандагони афғон метавонад дар пешгирии хатарҳои тағйирёбии иқлим нақши муассире дошта бошад.«,-мегӯяд Бунавша.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад