ОЛАМИ МАҶОЗӢ"WhatsApp"-ро дар Русия чӣ интизор аст?

«WhatsApp»-ро дар Русия чӣ интизор аст?

-

Соли 2025 WhatsApp метавонад баста шавад, агар роҳбарияти он  талаботи қонунгузории Русияро риоят накунанд. Дар ин бора сенатор Артем Шайкин ба расонаҳои русӣ изҳори назар кардааст.
«Агар талабот ва ӯҳдадориҳоро иҷро накунад, эҳтимолияти бастани ин месенҷер метавонад зиёд шавад.»,- гуфтааст ин сенатор.

Шайкин илова кардааст, ки тағйири вазъ бо Whatsapp дар Русия соли оянда аз мавқеи роҳбарияти ин месенҷер вобастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки WhatsApp паёмрасони маъмултарин барои корбарони русӣ маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти Mediascope, 79%-и аҳолии Русия аз он истифода мекунанд.
19 декабри соли равон WhatsApp ба реестри ширкатҳои паҳнкунандагони иттилоъ дар Русия шомил шуд. Минбаъд Хадамоти  бехатарии федералии Русия ё ФСБ аз ин месенҷер метавонад мукотибаи истифодабарандагонро талаб намояд. «Роскомсвобода» ёдовар мешавад, ки тибқи талаботи қонунгузории Русия хадамот ба рӯйхати шабакаҳои паҳкунандаи иттилоъ шомил шуд ва муваззаф мешавад, ки маълумоти истифодабаранда, ҳамчунин мукотибаҳоро  бо дархости якуми ФСБ пешниҳод намояд. То 20 декабри соли 2024 дар ин реестр  456 хадамот шомил шудаанд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад