ҲАЁТИ СОЛИМРозия натанҳо намоди ҷасорат, балки умед барои ҳамтақдиронаш гардидааст

Розия натанҳо намоди ҷасорат, балки умед барои ҳамтақдиронаш гардидааст

-

Розия Бобоева ба шогирдон дарс мегӯяд

Дар гузашта таҳсил орзуи дастнорас барои Розия Бобоева буд. Ҳоло ӯ натанҳо донишҷӯ, балки омӯзгори илҳомбахши насли оянда аст. Розия мегӯяд, барои расидан то ба имрӯз бо монеаҳое, ки дар рӯ ба рӯяш буданд, мубориза бурд.

«Вақте ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳу донишкадаҳо пешниҳод мекардам, маъюбияти маро дида, рад мекарданд. Мегуфтанд, ки «шахси маъюб чӣ тавр таҳсил мекунад?!» Ин суханҳоро шунида руҳафтода мешудам.»,- ба ёд меорад Розия.

Розия Бобоева барои донишҷӯ шудан 10 сол интизор монд. Як ташаббуси Ҳукумати кишвар-фаъол кардани Маркази миллии тестӣ зиндагии Розияро тағйир дод. Ӯ тавонист ба орзуи худ расад ва дар кишвар аввалин маъюбе шуд, ки тариқи ин низом унвони донишҷӯиро ба даст овард.

«Феълан омӯзгор ҳастам, ба кӯдаконе, ки ҳамчун худам нобино ҳастанд, таълим медиҳам. Талош мекунам, ки онҳо низ дар зиндагӣ хонанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд. Шиори худро ба онҳо ёд медиҳам, ки шумо маъюбияти худро нигоҳ накунед, маъюбияти шумо монеъа шуда наметавонад.«,-мегӯяд ӯ.

Ҳарчанд дар аввал таҳсил барои Розия Бобоева дастнорас менамуд, вале баъд аз ба даст овардани ихтисос тули се сол ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарс гуфт.

Ӯ мегӯяд, тавонмандии худро назди ҷомеа нишон дод, ки афроди маъюбиятдошта низ метавонанд дар пешрафти давлат саҳм гузоранд. Қаҳрамони мо тули 8 сол аст, ки дар яке аз муассисаҳои таълимӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ба ҳамтақдиронаш дарс медиҳад. Таълиму тадриси чунин афродро Розия Бобоева дар ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мекунад.

Розия Бобоева имрӯз на танҳо як омӯзгор, балки намунаи мубориза ва умед барои ҳамтақдиронаш мебошад. Баробарии ҳуқуқҳо танҳо сухан нест- он ояндаи рушанро барои ҳамаи мо таъмин мекунад. Баробарии гендерӣ — асоси ҷомеаи равшанфикр. 

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад