ҲАЁТИ СОЛИМИмтиёзҳои маъюбон

Имтиёзҳои маъюбон

-

Дар Тоҷикистон  қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо  ҷомеаро фароҳам меорад.

Ташхиси тиббӣ, тавонбахшӣ, табобати санаторию курортӣ, муҳайё намудани шароити  таҳсилу касбомӯзӣ, ва имтиёзҳоро маҳз ин қонун ба маъюбон кафолат медиҳад.

Инчунин барои дастгирии маюбон асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсия, Кодекси тандурустӣ, Кодекси меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи собиқадорон», ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор барномаҳои давлатию соҳавӣ амалӣ карда мешаванд.

Тибқи маълумоти ахир, ҳоло дар Тоҷикистон 164,6 ҳазор маъюб аст, ки 33,6 ҳазор тани онҳо кӯдакони то 18- сола мебошанд. Теъдоди маъюбон нисбат ба 1,5 соли пеш зиёда аз 5 ҳазор нафар ва кӯдакони маъюби то 18-сола қариб 1,5 ҳазор зиёд шудааст…

Даромади дар шакли музди меҳнат гирифтаи маъюбон аз овони кӯдакӣ ва маъюбони гурӯҳи I андозбандӣ карда намешаванд. Аз  маъюбони гуруҳи II даромад дар шакли музди меҳнат барои ҳар моҳи тақвимӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳ карда мешавад.

Объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо маъюбони гуруҳҳои I ва II, ба қайд гирифта шудаанд, аз андозбандӣ озоданд.

Объектҳои ғайриманқули нафақагирони яккаю танҳо, ки дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо кӯдакони ноболиғ ё кӯдаки маъюб дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд, андозбандӣ карда намешаванд.

Як автомобили сабукрави ба маъюби гурӯҳи I ё II тааллуқдошта аз андозбандӣ озод аст.

Маъюбони гуруҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бенавбат ва ройгон гузаронидани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.

Маъюбон бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок истифода карда метавонанд.

Маъюбон, аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон аз пардохти боҷи давлатӣ озоданд.

Ҳангоми хизматрасониҳои консулӣ ба маъюбони гуруҳҳои I ва II хироҷҳои консулӣ ба андозаи 50 фоизи арзиши онҳо ситонида мешавад, маъюбони гуруҳи I ва II аз супоридани хироҷ барои додани шиноснома, аз пардохти хироҷи сайёҳӣ, аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ, аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ, аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он озод мебошанд.

баҳри амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд.
Қобили зикр аст, ки маъюбият ҷузъи таркибии ҳолати инсон буда, қариб ҳар як кас дар ягон лаҳзаи зиндагӣ сустшавии муваққатӣ ё доимии фаъолиятро эҳсос менамояд.
Маъюбият бештар гуруҳхои осебпазири аҳолиро фаро гирифта, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дида мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад