МУВАФФАҚИЯТ1 октябр: ҷалби аввалин даъватшавандаҳо ба хидмат

1 октябр: ҷалби аввалин даъватшавандаҳо ба хидмат

-

Имрӯз, 1 октябр дар шаҳри Душанбе маросими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми августи соли 2024 таҳти №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар айни ҳол дар тамоми комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби масъулини бахшу шуъбаҳои вобастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои давлатии даъват таъсис дода шудаанд, ки аъзоёни вобасташудаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сатҳи лозима ташкилу баргузор менамоянд.

Зеро, бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ тибқи банди 5-уми фармони болозикр муваззаф шудаанд, ки даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла дар давоми моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 23 июн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...
spot_imgspot_img

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад