ОЛАМИ МАҶОЗӢДуров: корбарони Telegram ба 900 миллион нафар расид

Дуров: корбарони Telegram ба 900 миллион нафар расид

-

Авввалин мусоҳибаи созандаи ВКонтакте ва Telegram Павел Дуров баъд аз соли 2017 нашр шуд. Мусоҳиба бо рӯзномаи «Financial Times» анҷом шудааст.

Ин соҳибкор гуфтааст, Telegram ба яке аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон табдил ёфта, шумори корбаронаш ба 900 миллион нафар расидааст. Дуров инчунин иддаоҳоро дар бораи он ки мақомоти Русия фишангҳо Telegram-ро дар даст доранд, рад кардааст.
Дар мусоҳиба бо Financial Times Павел Дуров гуфт, ки шумори корбарони Telegram ба 900 миллион нафар расидааст. Ба гуфтаи соҳибкор, мессенҷер ба шарофати мубодилаи таблиғотӣ ва обунаҳои премиум ба яке аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон табдил ёфта, садҳо миллион доллар ба даст овардааст. 

Ҳамзамон, муассиси мессенҷер гуфтааст, ки фондҳои фанновариҳои ҷаҳонӣ ин ширкатро беш аз 30 миллиард доллар арзёбӣ кардаанд. Аммо Дуров нақшаи фурӯши Telegram-ро надорад, вале фурӯши баъзе аз саҳмияҳоро ба корбарони доимии худ баррасӣ мекунад. 

Дуров гуфтааст, Telegram метавонад сармояи бадастомадаро барои татбиқи чатбот дар асоси зеҳни сунъӣ (AI) сарф кунад. Амммо ҷузъиёти ин тарҳро ифшо накардааст.

Дуров ҳамчунин гуфт, ки Telegram дар соли 2024 дар робита ба баргузории чанд интихоботи президентӣ дар ҷаҳон низоми модератории худро такмил медиҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад