ОЛАМИ МАҶОЗӢНю-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

-

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ мешавад. Ҳамзамон, барои хонандагони мактабҳои миёна дарсҳои саводи зеҳни сунъӣ ва барномаҳои озмоишии таҳти назорати омӯзгорон роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ин мораторияи яксола истифодаи нармафзори тавлидкунандаи зеҳни сунъиро барои хонандагони то синфи ҳаштум манъ мекунад. Ин тасмим ба тақрибан 600 ҳазор хонандаи мактабҳои давлатӣ дахл дорад. Дар ин муддат мақомоти шаҳр меомӯзанд, ки кӯдакон аз ин технология чӣ гуна истифода мебаранд.
Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки истифодаи тақрибан 40 абзори таълимии AI, ки ҳоло дар синфхонаҳо истифода мешаванд, қатъ карда мешавад. Чатботҳои ёрирасон низ дар ҳамаи синфҳо манъ хоҳанд шуд.
Аммо омӯзгорон метавонанд истифодаи AI-ро барои омода кардани дарсҳо ва иҷрои корҳои маъмурӣ, аз ҷумла тартиб додани ҷадвалҳо, идома диҳанд.

«Кӯдакон барои омӯхтан ва рушд кардан ба омӯзгорон ва робитаи инсонӣ ниёз доранд. Онҳо бояд дар баробари ҳамсолони худ малакаҳо инкишоф диҳанд, бо омӯзгорон муносибат барқарор кунанд ва мустақилона бо масъалаҳои душвор рӯ ба рӯ шаванд».-гуфтааст шаҳдори Ню-Йорк.

Қарори Ню-Йорк дар ҳоле қабул шудааст, ки мактабҳои саросари ИМА манфиатҳо ва хатарҳои истифодаи AI-и тавлидкунандаро дар синфхонаҳо баррасӣ мекунанд. Вале Ню-Йорк ягона шаҳр нест, ки чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ мекунад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад