ҲАЁТИ СОЛИМБозиҳои II кишварҳои ИДМ. Тоҷикистон 13 медал ба даст...

Бозиҳои II кишварҳои ИДМ. Тоҷикистон 13 медал ба даст овард

-

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 4-13 август дар Беларус доир гардид, бо касби 13 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо мақоми ҳаштумро ишғол кард.

Медали тиллоро аз Тоҷикистон танҳо Меҳроҷ Сӯфиҷонов (то 48 кг) ба даст овард. Ӯ дар бокс Зафарбек Комиловро аз Қирғизистон шикаст дод. Зимнан, ин аввалин нишони тиллои мунтахаби Тоҷикистон на танҳо дар бозиҳо дар Беларус, балки нахустин медали варзишгарони тоҷик дар таърихи варзиши тоҷик дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ ба шумор меравад.

Рӯзи охири мусобиқа паҳлавони тоҷик Убайди Деваштич дар мусобиқаи самбо дар вазни то 79 кило медали нуқра ба даст овард. Муштзани дигари тоҷик Анӯшервон Фозилов дар вазни то 51 кило медали нуқра гирифт. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад