МУВАФФАҚИЯТНобудсозии нақлиёт, хирасозии шиша ва андоз аз нақлиёт чӣ...

Нобудсозии нақлиёт, хирасозии шиша ва андоз аз нақлиёт чӣ гуна ҳисоб мегардад?

-

Мустақилона ҳисоб ва пардохти андоз ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат мекунад.

Як сол аст, ки пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ ва  намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Онҳое, ки воситаи нақлиёт доранд, дар ин матлаб бобати чӣ гуна ҳисоби андози воситаи нақлиёт, пардохтҳо барои нобуд сохтани (утилизатсияи) воситаҳои нақлиёт ғайра маълумоти муфассал пешниҳод менамоем.

Нобудсозии мошинҳо. Суди экологӣ, вале зиёни молӣ ба ҷайби соҳиби нақлиёт

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 барои нобуд сохтани (утилизатсияи) воситаҳои нақлиёт пардохти ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд. Ин тасмим “бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст.”-гуфта буд вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода.

Намунаи талон баъд аз пардохти маблағ барои нобудсозии воситаи нақлиёт. Акс аз манбаъҳои боз

Маблағи пардохт ба категорияи воситаҳои нақлиёт  чунин аст:
— барои соҳибони мотосикл 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

— барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти дорои зиёда аз 10 нафар 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

— барои мошинҳои боркаш, кранҳо ё мошинҳои вазнин 40 нишондиҳанда.

Андози утилизатсия аз ҷониби мақомоти БДА-и Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба қайд гирифтани  мошин дар феҳристи давлатӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии он, инчунин ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии техникӣ ситонида мешавад. Ин андоз барои ҳар як воситаи нақлиёт як маротиба пардохт мегардад.

Имтиёзҳо барои воридсозии нақлиёти барқӣ

Воридоти мошинҳои барқии сохти Чин. Акс аз саҳифаи ЭКО таксӣ дар инстаграм

Аз аввали соли 2022 парлумони Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод кард. Воридоти нақлиёти барқӣ ҳамчунин аз андози арзиши иловашуда ва аксиз озод гардид ва ҳамон сол ҳамагӣ 770 адад чунин нақлиёт ба кишвар ворид гардидааст.

Ба иттилои хадамоти гумрук танҳо дар шаш моҳи соли 2024 ба кишвар 5266 адад худравҳои барқӣ ворид шудааст. Соли 2023 ба кишвар 3316 адад ворид шуда буд.

Иҷозат барои истифодабарии воситаҳои нақлиётии сиёҳшиша чӣ қадар арзиш дорад?

Иҷозат барои истифодабарии воситаҳои нақлиётии сиёҳшиша ва хира ба  номгӯи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии буҷети давлатӣ шомил аст.

Иҷозаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои соҳибони мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 ва аз он боло 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо арзиш дорад. Иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба муҳлати як сол дода мешавад.

Андоз аз воситаи нақлиёт

Дар 6 моҳи соли равон 161 миллион сомонӣ аз ҳисоби андози воситаи нақлиёт ба буҷа ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллион зиёд аст.

«Воридшавии маблағҳо нисбат ба соли гузашта кам нагардида, баръакс, зиёд шудааст, новобаста аз имтиёзҳои пешниҳодгардида.»,-мегӯяд Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози кишвар.

Автомобил, мотосикл, мотороллер, автобус аз ҷумлаи объектҳои андозбандӣ ба ҳисоб мераванд.

Новобаста ба корношоямии воситаи нақлиёт ва бо сабабҳои гуногун истифода нагардидани он, инчунин дар қайди давлатӣ набудани воситаи нақлиёт, андозсупоранда уҳдадор аст андоз аз воситаи нақлиётро пардохт намояд. 

Манбаи андоз аз воситаҳои нақлиёт иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ё воҳиди истифодаи қувваи барқ ҳисоб мешавад.

Меъёри андоз бо фоиз нисбат ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳисоб карда мешавад. Вобаста ба иқтидори муҳаррики мошин меъёри андоз бо фоиз зиёд мешавад.

Барои мисол, агар иқтидори муҳаррики мошин то 250 қувваи асп бошад, меъёри фоиз 7,5% аст. Агар аз 250 то 300 қувваи асп бошад, меъёр 10%. Ҳамин тавр, бо зиёд гардидани иқтидори муҳарриқ меъёри фоиз афзоиш меёбад.

Барои дурусту дақиқ ҳисоб намудани андози нақлиёти хеш ба сомонаи Кумитаи андоз ворид гардида, (https://www.andoz.tj/TaxCommittee/TaxCalculator) бахши «андоз аз воситаҳои нақлиёт»-ро интихоб мекунем.

Навъи муҳаррикро интихоб карда, иқтидори муҳаррикро ворид ва тугмаи ҳисобкуниро пахш мекунем, ки натиҷа пешниҳод мегардад.

Андоз аз воситаҳои нақлиёт на дертар аз муҳлати гузаштани бақайдгирӣ ё муоинаи техникии ҳарсолаи воситаи нақлиёт пардохт карда мешавад. 

Тракторҳо, комбайнҳои муҳаррикдори ғалладарав, пахтачин ва махсус, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, автобусҳо ва троллейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум барои мусофиркашонӣ истифода мебаранд, воситаҳои нақлиёти тиббии махсус, воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда аз андозбандӣ озоданд.

Маъюби гурӯҳи I ё II, ҷанговари интернатсионалист, иштирокчии рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил барои як мошини сабукрав, ки агар моликаш ба ҳисоб равад, андоз намесупорад.

Иҷозат барои истифодабарии воситаҳои нақлиётии сиёҳшиша ва хира ба  номгӯи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии буҷети давлатӣ шомил шуда ниҳоди масъул Раёсати БДА-и ВКД ба ҳисоб меравад.

Маълумоти бештар дар ин видео:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

ИМА маҳдудиятҳои сафарро барои тими миллии Эрон сабуктар кард

Иёлоти Муттаҳида маҳдудиятҳои сафарро барои тими миллии Эрон дар ҷараёни Чемпионати ҷаҳон сабуктар намуда, ба даста иҷозат дод, ки...

Дар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 23 июн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...
spot_imgspot_img

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад