ҲАЁТИ СОЛИМРоҳандозии ду амалиёти наҷот дар кӯҳҳои Лахш ва ВМКБ

Роҳандозии ду амалиёти наҷот дар кӯҳҳои Лахш ва ВМКБ

-

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кишвар ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти шаҳрвандони хориҷие роҳандозӣ мекунанд, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо дар Лахш ва ВМКБ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Ҳодисаи аввал рӯзи 19 июли соли 2023 тахминан соати 11:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба Қисми навбатдории Кумита дар бораи ҳодисаи нохӯш дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш хабар расид. Гуфта мешуд, ки кӯҳгардон-шаҳрванди Белорусия Д.Л.Гракович соли таваллудаш 30 декабри 1986, сокини шаҳри Минск ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуд ва дар натиҷа осеби ҷисмонӣ дидааст. Бино ба гуфтаи манбаъ қабурғааш шикастааст. 

Аз ҳисоби наҷотдиҳандагони пуртаҷриба фавран як гурӯҳи имдод созмон дода шуд. Онҳо бо воситаи чархболи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қуллаи “Москвина”-и ноҳияи Лахш равон шуданд.

Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуданд ва пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳгардро пайдо карданд.

Ба муҷарради расидан аввалин ёрии тиббиро барояш расонданд. Аз сабаби он ки рӯз ҳам шаб шудаву роҳ торик шуда буд ва ин мавзеъ худ як мавъеи мушкилгузару хатарнок мебошад, интиқоли кӯҳгарди осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд. 

Рӯзи гузашта, 20-уми июли соли равон, соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг заданд ва аз ҳодисаи дуюм хабар доданд. Ду нафар гардишгарони хориҷӣ аз тариқи телефони маҳвораӣ тамос гирифтанд. Онҳо ду нафар шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудаш 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 буданд, ки бино ба гуфтаи худашон бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале ба сабабе сарозер шудаву сахт осеб дидаанд.

Тибқи дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд. Чун расидан ба ин қулла бо василаи чархбол аслан имкон надорад, ба наҷотдиҳандагон лозим омад аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ҳоло ба нуқтаи таъиншуда наздик мешаванд. 

Манбаъ: https://www.khf.tj/node/4883

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад