ҲАЁТИ СОЛИМОмӯзишҳо барои тавонмандсозии занон

Омӯзишҳо барои тавонмандсозии занон

-

Тренинг дар минтақаи Рашт

Омӯзишҳои ТҶ “Хуршед” бо номи «Занони пешсаф дар фазои интернет ангезае барои занони дигар ҳастанд” дар минтақаи Рашт ва Турсунзода доир шуд. Дар омӯзишҳо занони фаъол, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолиятҳои ҷамъиятӣ бо шумули намояндагони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи назди мақомотҳои иҷроияи Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Рашт, Лахш, Нуробод ҳузур дошта, оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ ва рушди журналистикаи шаҳрвандӣ донишҳои хешро фаррох намуданд.

Шамъигул Аминов, роҳбари ТҶ «Хуршед» ба иштирокчиён танзими видеоро меомӯзад

Бо истифода аз меъёрҳои қонунгузорӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист фаҳмонда шуд то оянда зимини машғул шудан ба журналистикаи шаҳрвандӣ ба хато роҳ надиҳанд ё ҳуқуқи шахсеро поймол насозанд.

Барои риояи ҳуқуқи ноболиғон, маъюбон зимни таҳияи маводҳои аксӣ ва видеоӣ ба онҳо уҳдадорӣ ва меъёрҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории миллӣ фаҳмонда шуд.

Тренинг дар Турсунзода. Иштирокчиёни омӯзиш аз ноҳияҳои тобеи марказ

Дар бораи тафовути жанрӣ, навиштани хабар, гузориш ва мақолаҳои таҳлилӣ барои иштирокчиён маълумот дода шуд.

Ҳамчунин фаъолсозии саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси масоили гендерӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиён омӯзонида шуд, ки мустақилона ин корро анҷом дода метавонанд.

Таҳияи гузориши аксӣ интихоби мавзӯи гузориши аксӣ низ омӯзонида шуда, давоми корҳои мустиқилонаи амалӣ иштирокчиён намунаи кори хешро давоми терининг пешниҳод карданд.

Таҳияи руйнамоии электронӣ, инфограффика ва гузоштани он дар саҳифаҳои интернетиро низ иштирокчиёни тренинг аз худ карданд ва оянда зимни фаъолияти корӣ аз он истифода мебаранд.

Боргирӣ, насб ва барномаи мобилии танзими видео (CapCut) як қисми муҳими кор буд. Дар раванди тренинг навиштани матни Caption Video ва ҷобаҷогузорӣ, сабт ва танзим видео тариқи телефони мобилиро омӯхта,инчунин корҳои хурди амалӣ анҷом дода, рӯнамоӣ карданд.

Баъди ҷамъбасти омӯзишҳо, ТҶ  “Хуршед” миёни иштирокчиён озмун гузаронд ва ҷоизаҳоро барои «Беҳтарин саҳифаи иҷтимоӣ оид ба инъикоси масоили гендерӣ, ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ ва ҳолатҳои табъизи занон», «Беҳтарин маводи журналистикаи шаҳрвандӣ тақдим намуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад