НАВИД50 дарсади китобҳои ҷаҳон барои кӯдакон аст

50 дарсади китобҳои ҷаҳон барои кӯдакон аст

-

“Ҳар чи қадар кӯдаконро ба мутолиа фаро гирем, ба он маъност, дар санг хотира менависем…”

Китоб барои кӯдакон на танҳо манбаи иттилоот, балки равзанаи ҷаҳони навест, ки пур аз сафарҳову кашфиётҳои аҷиб аст. Китоб дониш медиҳад, тафаккур, тасаввурот ва нутқро рушд медиҳад, аммо аз ҳама муҳим – эҳсосро бедор месозад: дӯст доштан, фарқ кардани некиро аз бадӣ таълим медиҳад.

Дар асри технологияи иттилоотӣ рақобати китоб бо бозиҳои рангини компютерӣ ва филмҳои тасвирӣ беш мешавад. Афсӯс, ки аксари кӯдакони муосир хонданро дӯст намедоранд ва аз олами китоб дида тамошои филмҳои тасвириро афзал медонанд.

Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон ин як василаи хубест барои бори хотирнишон намудани нақши муҳими китоб дар ҳаёти кӯдак.

Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон ҳамасола 2 апрел таҷлил мешавад ва он аз соли 1967 маншаъ

мегирад. Шӯрои байналмилалии китобҳои кӯдакон ин рӯзро ихтисос дода ва ғояи он аз ҷониби нависандаи олмонӣ Йелла Лепман ба вуҷуд омадааст, ки замоне гуфта буд: «ба фарзандони мо китобҳо диҳед ва шумо ба онҳо бол хоҳед дод.»

Сана тасодуфан интихоб нашудааст — он ба зодрӯзи нависанда Ҳанс Кристиан Андерсен рост меояд, ки барои ҳама давру замонҳо бисёр афсонаҳои зебо бахшид. Ӯ «Мурғобии зишт», «Маликаи барфӣ», «Тумбелина» ва даҳҳо асарҳои ҷолибе иншо кардааст.

Чанд сол аст, ки дар саросари Тоҷикистон аз 2 то 9  апрел намоишгоҳи китобҳои бачагона доир гардида, нашриётҳо маҳсули хешро пешниҳоди насли наврас мегардонанд.

Ҳисайн Сафарзода, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар аҳамияти ин чорабиниро муҳим арзёбӣ мекунад. Ба бовари ӯ, вақте кӯдак китоб мутолиа мекунад, ҷаҳонбиниаш фаррох ва шавқаш ба мутолиаи китобҳои бештар мешавад.

 Бояд гуфт, техникаи таҳияи китоби бачагона аз китоби маъмулӣ ва илмӣ тафовут дошта, бояд дар ҳар саҳифаи ин гуна китоб навиштаҷот бо ҳарфҳои калон ва рангҳои ҷолибу диданбоб бошаду тасвир онро комил намояд.

Дар ҳамин ҳол Некрӯз Сафаров, мудири редаксияи энсиклопедияи кӯдаки Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик мегӯяд, ҳар чи қадар кӯдаконро ба омӯзиш фаро гирем, ба он маъност, ки дар санг хотира менависем. Чунки кӯдак хотираи қавӣ дорад.

Ба иттилои ӯ, қариб 50 дарсади китобҳо дар ҷаҳон барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд.

Бо ҳадафи бештар ба табъ расонидани адабиёт барои кӯдакону наврасон ва ба ин васила мусоидат ба раванди таълиму тарбияи бачагон нахустин Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ҳанӯз соли 2012 таъсис ёфт. Масъулини ин нашриёт мегӯянд, китобҳои дар нашриёти «Адабиёти бачагона» батабърасида ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, бо библиография, тасвир, тавсиф, индекси таснифотӣ ва рақами индификатории ISBN  муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳанӯз соли 1974 дар кишвар китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар пойтахти кишвар таъсис ёфта, ҳудуди 100 ҳазор китоб дорад. Вале солона ҳамагӣ 4-4,5 ҳазор хонанда меоянд.

Дар ин пайванд  китобҳо барои наврасон дар шакли pdf

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад