НАВИДГирифторшавӣ ба сил қариб 40% кам гардидааст

Гирифторшавӣ ба сил қариб 40% кам гардидааст

-

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил ҳамасола ба 24 март рост омада, он ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа оиди ҳанӯз ҳам вогир боқӣ мондани бемории сил дар аксари минтақаҳои ҷаҳон, ки аз он ҳамасола қариб якуним миллион нафар, асосан аз кишварҳои дар ҳоли рушд, ҳалок мешаванд, мусоидат менамояд.

Оморҳои ахир дар Тоҷикистон бозгӯи онанд, ки хушбахтона, вазъ ҳамасола беҳтар шудан дорад. Барои мисол, соли cипаришуда сатҳи гирифторшавӣ ба бемории сил ва фавт аз ин беморӣ дар муқоиса ба соли 2007, ки баландтарин нишондод буд, қариб як баробар кам шудааст.

Дар ин бора ба ҶОМ Аслиддин Раҷабов, директори Маркази ҷуҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил иттилоъ дод. Бино ба маълумоти манбаъ, дар соли 2007 тамоми ҷумҳурӣ бо Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаро гирифта шуда буд. Сатҳи гирифторшавӣ 78,5 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад.

Соли 2020 бошад ин рақам ба 40, 5 ба 100 ҳазор аҳолӣ расида, яъне беш аз 38 дарсад кам гардидааст. Нишондоди фавт низ поён омада, аз 7,5 ба 100 ҳазор аҳолӣ ба 1, 4 ба 100 ҳазор аҳолӣ баробар шудааст. Бо он ки нишонҳои бемории сил ба нишонаҳои бемории сироятии COVID 19 шабоҳат доранд, гирифторони сил аз қишри осебпазир муаррифӣ мешуданд, аммо маълумотҳои дастрасшуда, дар даврони авҷи пандемияи коронавирус нишон медиҳад, ки аз маҷмӯи беморони сил 22 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, ҳамагӣ шифо ёфтанд. Ба ташреҳи Аслиддин Раҷабов, маълумотҳо нишон дод, ки дар муқоиса гирифторони бемориҳои қанду фишорбаландӣ, беморони сил камтар осебпазир буданд.

Бемории сил бемории сироятӣ буда, аз шахси бемор ба шахси солим ба таври қатрагӣ-ҳавоӣ мегузорад. Зиёда аз 85 фисад сироятёфтагон ба навъи сили шуш гирифтор мегарданд. Боқӣ ба сили пуст, устухон, сили пардаҳои шуш, пардаҳои дил, сили чашм, сили гӯш ва ғ.

Табобати ҳамагуна беморони сил ройгон мебошад. Бояд гуфт, табаботи беморони ҳассос 6-8 моҳ идома ёфта, табобати шакли мутбоқгаштаи он, ки дар аввал то 2 сол табобаташ тӯл мекашид, бо истифода аз доруҳои нави зиддисилӣ то 1 сол кам гардид. Мутахассисонт соҳа дар ин росто мушкилро ҳамоно дар фаҳмишҳои шахшудаи баъзе шаҳрвандон медонанд, зеро, ҳанӯз ба беморон гирифтори сил таъбиз ва тамғагузорӣ мушоҳида мешавад. Гузашта аз ин, дар фаҳмиши баъзеҳо ин беморӣ авлодӣ маънидод мегардад, ки назар ба тавзеҳоти табибон ин ақида асос надорад.

Барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба сил, соли 2003 дар кишвар нахустин бор “Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” қабул гардид ва зина ба зина, то соли 2007 тамоми ҷумҳурӣ бо ин Барнома фаро гирифта шуд.

То имрӯз се барнома қабул ва татбиқ шудааст. Ҳамчунин «Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020» ба анҷом расида, соли 2020 “Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025” пазируфта шуд ва мавриди амал қарор дорад. Ҳоло дар 68 шаҳру навоҳии кишвар марказҳои мубориза бо бемории сил таъсис ёфта, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Бо мақсади бартараф кардани камбудиҳои кадрӣ ва ҷалби мутахассисон аз соли 2019 музди маоши табибоне, ки бевосита ба табобати беморони гирифтори сил машғуланд, 100 фисад зиёд карда шуд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, то соли 2009 ташхиси беморони сили ҳассос дар дохили кишвар имкон надошт ва натиҷаи ташхис дар Олмон бояд дақиқ мешуд, ки беш аз ду моҳ тӯл мекашид

Акнун барои ташхиси ин гуна бемориҳо таҷҳизоти зарурӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд, ки ҳоло шумораи онҳо 58 адад мерасад.

Аслиддин Раҷабов, директори Маркази ҷуҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар суҳбат бо мо гуфт, саҳми шарикони рушд низ дар мубориза бар зидди бемории сил ва пешгирӣ аз он бориз мебошад, аммо сол аз сол маблағгузори аз тарафи онҳо кам шуда, Ҳукумати кишвар бошад маблағгузориро бештар мекунад. Дар 10 соли ахир бештар аз 50 баробар маблағгузории давлатӣ ба соҳа зиёд шудааст. Ҳоло доруҳои асосии зиддисилии қатори якум пурра аз ҳисоби Ҳукумати кишвар харидорӣ мешавад. Доруҳои қатори дуюм, ки барои табобати шакли мутобиқгаштаи беморони сил пешбинӣ шудааст, аз тарафи шарикони рушд дастрас мешавад.

Боиси қайд аст, ки Гурӯҳи мушорикати байналмилалии «Мутаваққиф сохтани сил» шиори Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории силро барои соли 2016 «Ҳамбастагӣ барои маҳви бемории сил» эълон кардааст, ки он ба кӯшишҳои ҷаҳонӣ дар самти кашф, табобат ва солимгардонии тамоми гирифторони бемории сил, ҳамчунин вусъат бахшидан ба раванди расидан ба ҳадафи ҷасурона – маҳви пурраи бемории сил то соли 2013, ҳидоят менамояд.

Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ба коҳиш додани сатҳи бемории сил ва паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон равона гаштааст. Фаъолияти барнома ба такмили раванди таҳияи сиёсати миллӣ, беҳтар сохтани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва дармон, дастгирии низоми табобати ба мизоҷон нигаронидашуда, ҳамчунин таҳкими озмоишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Водии Рашт равона гаштааст. Барномаи мазкур, ки буҷааш тахминан $ 13,2 млн. буда, барои 5 сол таҳийа шудааст, яке аз намунаҳои дигари кӯмаки ҳукумати ИМА дар самти беҳбудсозии сиҳатии мардуми Тоҷикистон мебошад. Алҳол, кӯмакҳои бебозгашти USAID ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион доллар дар як солро ташкил мекунанд, ки 30% он ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад.

Муаллиф: Фирдавси Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад