МУВАФФАҚИЯТЗӯроварӣ дар олами маҷозӣ чаро бештар мегардад?

Зӯроварӣ дар олами маҷозӣ чаро бештар мегардад?

-

Миллионҳо нафар дар ҷаҳон интернетро барои беҳтар кардани зиндагии худ ва дигарон истифода мебаранд. Дар ҳамин ҳол, бархе барои зиён ба ҷомеа ва озор додани корбарони дигар аз интернет истифода мекунанд.

Тибқи гузориши Statista, дар соли 2020 аз сабаби пандемия зуроварӣ 20% афзоиш ёфт. Дар натиҷа корбарони интернет, бахусус занон, бештар осебпазир аз хушунати интернетӣ гардидаанд.

Зӯроварии олами маҷозӣ ҳама гуна рафторест, ки осудагӣ, оромии ҷисмонӣ, равонӣ ва эмотсионалии шахсро халалдор мекунад.

Дарвоқеъ, хушунати вертуалӣ ба рафтору кирдорҳои қасдан ва такрорӣ нисбат ба одамони дигар тавассути компютер, телефони мобилӣ ва дигар васоили коммуникатсионӣ дар шаклҳои гуногун, аз қабили таъқиб, таҳдиди мустақим, паст задани шаъну шарафи дигарон, ихроҷ аз гурӯҳҳо, шабакаҳо ва рӯйхати дӯстони онлайнӣ, таҳқир ва навъҳои дигар аст.

Оё шумо дар бораи зӯроварӣ аз тариқи интернет шунидаед?

Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани онҳо медонед?

Мехоҳем дар ин бобат бароятон бигӯем то огоҳ бошед ва аз онҳо дурӣ биҷӯед!

CATFISHING – дуздидани маълумоти шахсӣ, рамзи саҳифаҳо ва аз худ кардани саҳифаҳои дигарон. Инчунин бо истифода аз маълумоти профили шахси дигар боз кардани саҳифа.

TROLLING  –Асабонӣ кардан ва ба ғазаб овардани нафари дигар.

FAKE PROFILES – сохтани саҳифаҳои қалбакӣ бо ном ва бо маълумоти дигарон.

DISSING – нашри маълумоти бардурӯғ ва тақаллубӣ дар бораи дигарон. Мисоли DISSING инчунин туҳмат кардани ягон шахс аз номи шахси дигар туҳмат задану вайрон кардани робитаи онҳо.

HARASSMENT – дашному таҳқир тариқи месенҷер

FRAPING – дохил шудан ба саҳифаи дигарон, нашри аксу навор ва маълумоти нодуруст аз номи онҳо.

CYBERSTALKING – Такроран фиристодани паёмҳои таҳдидомез бо мақсади тарсонидани ягон нафар ва халал ба амнияти ӯ.

OUTING – дарёфту нашри суҳбатҳои онлайни ягон шахс ба мақсади беобурӯ кардан

TRICKERY – Ба боварии дигарон даромадан ва гирифтани маълумот. Ошкор ва нашри сири шахсиии корбар дар интеренет

FLAMING  –муноқишаи онлайнӣ байни ду ва ё як гурӯҳи корбарон

EXCLUSION  – қасдан касеро аз гуруҳ ё чат хориҷ кардан

Акнун дар бораи ин маҳфумҳо маълумот гирифтем. Умедворем, аз истифодаи онҳо худдорӣ мекунед ва ба атрофиёнатон низ иҷозат намедиҳед!

Аксҳо аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад