БИЗНЕС-КЛУБРоҳёбӣ ба бозорҳои интернетӣ бо пахши чанд тугма

Роҳёбӣ ба бозорҳои интернетӣ бо пахши чанд тугма

-

Омӯзишҳои тиҷорати электронӣ бо ҳадафи боз кардани роҳи соҳаи нассоҷиву дӯзандагии тоҷик ба бозорҳои интернетии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва мусоидат ба таҳавуллоти рақамии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ гузаронида шуд.

Дар ду вебинар иштирокчиён бо шаклҳо, сохтор, тамоюлҳои соли 2023 дар бозори онлайни мӯд ва роҳҳои тарғиби бренди худӣ дар интернет шинос гардиданд.

Тренер Тамари Миминошвилӣ тағйироти навтарин дар сохтори дӯконҳои интернетии либосфурӯширо шарҳ дод, фаъолияти дӯконҳои машҳури сатҳи ҷаҳонии мӯдро таҳлил кард, тамоюлҳои нав дар соли 2023-ро пешгӯӣ намуд, дар таҳияи асоси стратегияи тиҷорати электронӣ кӯмак расонид, ва бунёди дӯкони интернетӣ бо бурдарасонии байнулмилалиро қадам ба қадам нишон дод.

“Ҳадафи ниҳоии мо кумак ба соҳибкорон барои оғозу беҳтар кардани тиҷорат дар интернет мебошад. Мо дар ин вебинарҳо ҳамаи марҳилаҳои бунёди дӯкони интернетиро, аз ҷумла, дарёфти муштарӣ дар саросари ҷаҳон ва бурдарасонии маҳсулот ба кишварҳои дигарро омӯзонидем. Мо роҳу василаҳои тақвияти ҳузур дар ҷаҳони виртуалӣ ва имконияти сареътар ва осонтари пешниҳоди молу маҳсулот ва хидматрасониҳо дар интернетро баррасӣ кардем”.,-мегӯяд Тамари Миминошвилӣ аз натиҷаи вебинарҳо.

Омӯзишҳо аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии (GTEX) Маркази тиҷорати байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад, ташкил шуданд.

Акс аз сомонаи smallbiztrends.com

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 23 июн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...
spot_imgspot_img

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад