ЗАБОНОМӮЗӢАҳмадҷон забони англисӣ ва чинӣ меомӯзонад

Аҳмадҷон забони англисӣ ва чинӣ меомӯзонад

-

Аҳмадҷон ба шогирдон дарс мегӯяд

Саҳифаи “2zabona” дар instagram мутааллиқ ба Аҳмадҷон буда, тариқи он ба ҷавонон ду забон-англисӣ ва чинӣ меомӯзонад. Инчунин ба шогирдони зиёде дар маркази забономӯзӣ дарс мегӯяд. 

“Аз синфи панҷумӣ то кунун забони англисиро меомӯзам. Забони хитоиро замони донишҷӯӣ дар Чин омӯхтам.”, — нақл кард Аҳмадҷон.

Аз соли 2017 омӯзгорӣ мекунад. Дар ибтидо забони англисӣ меомӯзонид. Соли 2018 ба яке аз донишгоҳҳои Чин дохил шуд ва дар баробари касбомӯзиву забономӯзӣ дар боғчаву мактаб забони англисӣ ёд медод.

Аҳмадҷон аввали соли 2020 бинобар сабаби бемории ҳамагири COVID-19 ба Ватан баргашт ва фосилавӣ таҳсилашро идома дод. Чанде қабл донишгоҳи чиниро бо ихтисоси тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод хатм кард.

Қаҳрамони мо ҳоло дар шаҳри Кӯлоб ба хоҳишмандон забонҳои хитоиву англисӣ меомӯзонад. Ба иттилои ӯ, 80 дарсади шогирдонаш забони англисӣ меомӯзанд.

“Англисӣ -забони нисбатан осонтар аст ва аз ин сабаб таваҷҷуҳи мардум зиёд аст. Бо итминон мегӯям, ки дар шаш моҳ ҳар шавқманд метавонад асосҳо ин забонро омӯзад ва муошират кунад.”, — илова кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ангезаи пешбурди саҳифаи махсуси омӯзиширо дар Instagram аз Саъдӣ Тоирзода (маъмури саҳифаи zabonomuz) гирифт.

Аҳмадҷон ният дорад, ки дар Душанбе маркази омӯзишие таъсис диҳад ва дар баробари омӯзонидани забонҳои англисиву хитоӣ, роҳнамое барои дохил шудани довталабон ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар гардад.  

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад