МУВАФФАҚИЯТҶоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро кӣ гирифт?

Ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро кӣ гирифт?

-

Нимҳимоятгари тими “Кӯктош” Худойдод Узоқов беҳтарин бозигари лигаи аввали Тоҷикистон ва ҳамлагари дастаи “Гулистон” Мӯҳсин Рустамзода беҳтарин нишонзанро соҳиб шуданд. Сармураббии дастаи «Кӯктош» Тоҳир Мӯъминов беҳтарин мураббии лигаи аввали Тоҷикистон дар мавсими соли 2022 эълон гардид. 

Дирӯз, 13 декабр, дар маҷмааи «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ботантанаи ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯи ҷамъбасти соли 2022 эълон шуданд.

Дар маросими тантанавӣ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи аввал ва ҳайати ҷавонони лигаи олӣ муайян карда шуданд.

Дар Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон ҷоизаи беҳтарин бозигар насиби Пахлавон Баҳризода аз “Истиқлол”-и пойтахт шуд. Сармураббии эҳтиётии «Регар-ТадАЗ» Фарҳод Холбеков ҷоизаи беҳтарин мураббии ҳайати ҷавонон ва Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА) беҳтарин нишонзан гардиданд.

Довари пойтахт Гулмуроди Саъдулло бори нахуст дар карйерааш бо ҷоизаи “Беҳтарин довари Тоҷикистон” сарфароз гашт. Дар лигаи олии Тоҷикистон дарвозабони «Истиқлол»-и пойтахт ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Капитани тими миллии кишвар Аҳтам Назаров беҳтарин ҳимоятгари лигаи олӣ гардид. Бозингари «Хатлон»-и Бохтар Тоҳирҷон Тағойзода бо ҷоизаи «Беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2022» сарфароз шуд. Капитани «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев беҳтарин ҳамлагар ва ҳимоятгари “Равшан”-и Кӯлоб Самуэл Офорӣ беҳтарин легионери лигаи олӣ эътироф шуданд.

Сармураббии «Истиқлол» Алишер Тӯхтаев ҷоизаи беҳтарин мураббии Тоҷикистон-2022-ро гирифт. Беҳтарин бозингари сол капитани «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд. Ӯ ҳамчунин бо 16 гол нишонзани беҳтарини чемпионати кишвар гардид.

Манбаъ: Кумитаи олимпии Тоҷикистон

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад