БИЗНЕС-КЛУБВаъдаи афв аз ҷониби Маск ва нигаронии Иттиҳоди Аврупо

Ваъдаи афв аз ҷониби Маск ва нигаронии Иттиҳоди Аврупо

-

Соҳибкори амрикоӣ ва молики Твиттер Илон Маск эълон кард, ки ҳисобҳои масдудшударо дар шабакаи иҷтимоӣ барқарор хоҳад кард, пас аз он ки аксари ширкаткунандагони назарсанҷӣ ба ҷонибдории “афв”-и саҳифаҳо овоз доданд.

«Ҷомеа мавқеи хешро гуфт. Афв ҳафтаи оянда оғоз мешавад. Овози мардум садои Худост)”,- навиштааст ӯ.

Қаблан Твиттер қароргоҳи аврупоии ин шабакаи иҷтимоии воқеъ дар Брюсселро барҳам дод.

Роҳбарияти дафтари Белгия дар авоили моҳи ноябр ҳангоми ихтисори калон ширкатро тарк карданд. Ҳафтаи гузашта кормандони дигар ин шабакаи иҷтимоиро тарк карданд, аз ҷумла роҳбарони сиёсати рақамии Twitter дар Аврупо Ҷулия Мозер ва Дарио Ла Наса. Маҳз кормандони барканоршуда барои риояи қоидаҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи маълумоти бардурӯғ дар шабакаи иҷтимоӣ масъул буданд.

Нигаронии Иттиҳодияи Аврупо аз он аст, ки ҳоло ширкат кормандони кофӣ надорад то қонунҳои маҳаллӣ барои назорат ва филтр кардани мундариҷаи онлайнро риоя кунанд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад