МУВАФФАҚИЯТТамрин дар ду толор, омӯзиши ду забон ва таҳсили...

Тамрин дар ду толор, омӯзиши ду забон ва таҳсили хуб дар мактаб. Сомон чӣ гуна вақт меёбад?

-

Аксҳо аз бойгонии волидони Сомон

Сомон Турсунзода-и 9-сола борҳо қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаҳои гуногуни варзиш гардидааст. Ҳамзамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ иштирок карда парчами кишварро баланд бардоштааст. Мусобиқаи охирини байналмиллалие, ки Сомон дар он иштирок ва сазовори ҷойи якум гардид, далели он аст, ки варзишгари номдоре хоҳад гардид. Ин мусобиқа дар Қазоқистон доир гардида буд. Инчунин Сомон дар мусобиқаи Ҷиу-ҷитсу миёни давлатҳои Осиё иштирок ва мақоми аввалро соҳиб гардида, чемпиони Осиё дар ин риштаи варзиш гашт.

Ӯ дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Ба нақли Сомон, падар ва бародараш варзишгар ҳастанд. Муҳити оила ба варзишгар шудани Сомон сабаб гардид.

Раҷабалӣ Турсунов, падари Сомон мегӯяд, Сомон ҳанӯз овони туфулият тақозо мекард, ки ӯро ба толори варзишӣ баранд.

«Бинобар ин, Сомонро ба толори варзишӣ овардам ва ин муҳит барояш бисёр писанд омаду ӯ бо завқ ба тамрин шурӯъ кард ва тайи се сол Сомон ба бисёр мувафаққиётҳо ноил шуд.”,- нақл кард падари Сомон.

Ҳоло Сомон дар ду баст тамрин менамояд. Субҳгоҳӣ дар толори варзишии Сомон дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб гуштини Дюздо машқ мекунад ва бегоҳ дар толори варзишии дигар воқеъ дар маҳалаи 112-уми пойтахт дар риштаи Ҷиу-Ҷитсу ба тамрин машғул мешавад. Дар ҳар ду ришта мураббиҳои ботаҷриба нозукиҳои варзишро меомӯзонанд ва аз тамрини Сомон қаноатманданд. 

Сомон дар мактаб низ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад. Ӯ ҳамзамон забонҳои рӯсӣ ва англисиро меомӯзад.

Ҳоло Сомон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилаллӣ оид ба Ҷиу-ҷитсу,  ки дар ИМА баргузор мегардад, омодагӣ мегирад.

“Вақте дар мусобиқаҳои байналмилаллӣ иштирок мекунам, бисёр талош менамоям, ки ҳарифони худро мағлуб созам ва парчами давлатамонро боло бардорам. Ҳар боре ғолибият ба даст меорам, як ҳиссиёти аҷиб маро фаро мегирад.”,-мегӯяд Сомон.

Сомон Турсунзода мехоҳад мисли чанде аз варзишгарони номдори кишвар чемпиони ҷаҳон шавад.

Мо низ орзуи онро дорем, ки  Сомон ба ҳадафҳои гузоштааш бирасад.

Муҳаммад Маҳмадзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад