ҲАЁТИ СОЛИМИфтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббӣ

Ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббӣ

-

Бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мавриди истифода қарор дода шуд.
Имрӯз, 1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар,  Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе парда аз рӯйи лавҳаи рамзии ин бино бардоштанд.
Ба иттилоии Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷуён пешбинӣ шудааст.
Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво бо ғунҷоиши аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино давоми 83 соли фаъолияти худ зиёда аз 46 ҳазор нафар табибону фарматсевтони баландихтисосро тайёр кардааст, ки 63 фисади он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Дар соли таҳсили 2022 шумораи умумии донишҷӯёни ин боргоҳи бузурги илму дониш 13 ҳазору 504 нафарро ташкил медиҳад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад