ЗАБОНОМӮЗӢМуаллима Мария

Муаллима Мария

-

Дар мӯйҳои муаллимаи зебои рус сафедӣ дамида, қомати чун сарваш аллакай хам гаштааст.

Муаллима Мария аслан аз диёри дурдасти Ставрополи кишвари Русия буд, ки ҳоло сокини Кӯҳистони Бадахшон ҳасту ин сарзаминро ватани ҳамешагии худ ихтиёр кардааст.

Дар ин ҷо соҳиби хонаву дар гашта, сазовори эҳтироми ҳамагон мебошад. Ӯро хурду бузург бо муҳаббат «Муаллима Мария» садо мекунанд…

Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳаро хатм намуда, ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии Черкес дохил шуд, соли 1957 омӯзишгоҳро хатм менамояд.

Ҳамон сол аз омӯзишгоҳи онҳо ва ҳамчунин омӯзишгоҳҳову донишкадаҳои дигар шаҳру вилоятҳои Русия хатмкардагони ҷавонро мувофиқи талабномаю роҳхат ба сифати омӯзгорони забони русӣ ба дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мефиристоданд.

Савти хайрбодӣ

Муаллима Мария низ дар қатори чанде аз хатмкардагон ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Онҳо ба пойтахти ҷумхурӣ шаҳри Сталинобод тариқи қатора ворид мегарданд. Муаллима он лаҳзаҳоро возеҳ дар хотир дорад:

« Ҳанӯз садои чархҳои оҳанин поезд аз гӯшам нарафтааст ва он вақт тасаввур намекардам, ки ин садо бароям мисли як савти хайрбодӣ бо диёрам ҳамешагӣ хоҳад буд».

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст

Вай дар мактаби деҳаи Ямг, воқеъ дар водии Вахон муаллима таъин гардида, рӯзҳои аввал душвориҳои зиёдеро пушт кардааст. Аксарияти сокинон забони русиро намедонистанд. Дараҷаи дониши шогирдон аз забони русӣ ниҳоят паст буд. Муаллимаи ҷавон бошад забони вахониро намедонист:

“Некандешу кушодадил буданд, мардуми Вахонзамин. Надонистани забон садди ҳамдигарфаҳмии мо намегардид.”,- нақл мекунад муаллима. 

Вай мекӯшидааст аз усулҳои гуногун истифода ва дониши худро ба шогирдон расонад. Ҳамин тавр вазъ оҳиста-оҳиста беҳтар шуд.

Дар Намадгут риштаи тақдири муаллима ва омӯзгори ҷавон Абдулҳаким Маҳмадҳакимов ба ҳам пайваст ва дуяшон ҳамсафари роҳи ҳаёт шуданд. Ӯ бо муҳаббат ва самимияти беандоза шавҳарашро ёд мекунад ва дуо мехонад, ки  хонаи охираташ обод бошад.

Соли 1960 оилаи ҷавон ба зодгоҳи Абдулҳаким- деҳаи Сохчарви  ноҳияи Шуғнон омада, ҳарду дар мактаби ин ҷо омӯзгор шуданд.

    Баъдан Абдулҳакимро ба вазифаҳои дигар гузаронданд. Аммо Мария то ба нафақа баромаданашон омӯзгор буданду содиқона ва софдилона хизмат кардаанд. Ба садҳо нафар шогирдон забони русӣ омӯзонда, онҳоро бо шоҳкориҳои адибони маъруфи гузаштаю муосири рус ошно намудааст. Аз байни шогирдони муаллима метавон даҳҳо нафарро ном бурд, ки имрӯз номи ӯро бо муҳаббат ёд мекунанд. Нуралишо Саъдоншоев яке аз шогирдони муаллим буда, аз муаллимма Мария тавсиф мекунад.

«Ватани бумии аҷдодонам Кавкази Шимолӣ аст.  Вале Тоҷикистон аз ҷумла, Кӯҳистони Бадахшон бароям ватани дуюм шуд. Ман дар ин ҷо соҳиби хонаву дар шудам, панҷ фарзанд, 15 набераю 3  абера дорам.  Бадахшон натанҳо сарзамини кӯҳҳои гардунсои барфпӯш ва рӯдҳои пурхурӯш, диёри сарватҳои адонашавандаи табиӣ, балки диёри одамони наҷиб аст.«- ёдовар шуд Мария Ионова.  

            Муаллима рӯзҳои сахту душвореро пушти сар кардааст. Доғи ҷудоӣ аз фарзандонро дид. Вале аз зиндагӣ шукргузор аст. Ҳарчанд синну солаш аз  80-гузашта  бошад ҳам, вай ҳанӯз аз кор фориғ нест. Ба гиёҳшиносӣ шуғл дошта, машғули парвариш ва нигоҳубини гулу гиёҳҳои дармонбахш мебошад.

Вақте ки бо ӯ худоҳофизӣ намуда, аз ҳавлиаш берун баромадам, дилам саршор аз нишот буд, дидору сӯҳбат бо чунин шахси хирадманду хоксор, бонуе, ки фарҳанги ду миллатро ба ҳам пайваст, маро нерӯву қувваи тоза бахшид.

Ба муаллимаи азиз саломатии бардавом ва умри дарозро таманно дорем!

Муаллиф: Рафоати Ғайбулло

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад