БОЛБилол Сафарзода аз кор зиндагӣ дар Дубай ва асрори...

Билол Сафарзода аз кор зиндагӣ дар Дубай ва асрори тарабхонаи “Бурак” гуфт

-

Билол Сафарзода дар Дубай кору зиндагӣ дошта, айни ҳол дар тарабхонаи маъруфи “Бурак”-и Дубай ба ҳайси маъмур фаъолият мекунад. Гоҳо тарҷумонӣ низ менамояд, зеро, забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонаду бо забони чинӣ низ гуфтугӯ карда метавонад.

“Дар Дубай кор зиёд аст. Вақте ба ин ҷой омадам, шарҳи ҳоламро ба чанд ширкат равон кардам, аз ҷумла, ба тарабхонаи “Бурак”. Пас аз чанде ба суҳбат даъват шудаму маро ба кор қабул намуданд.”, — нақл кард Билол.

Билол мегӯяд, вобаста ба мавсими сол, иду ҷашнҳо, рӯзҳои истироҳатӣ муштариёни тарабхона зиёду кам мешаванд.

“Бо маоше, ки ҳоло ман мегирам, агар ҳамроҳ бо хонавода дар ин ҷо бошам, кифоят намекунад. Вале ҳоло танҳоям, метавонам як қисми маблағро пасандоз кунам.”, — илова намуд Билол.

Билол ҳоло бо се ҳамватанамон дар тарабхонаи “Бурак” кор мекунад. Ӯ умедвор аст, ки забондониашро ба инобат гирифта, кори арзандатаре барояш пешниҳод мекунанд, дар ғайри сурат кори муносибтаре хоҳад ҷуст.

Билол то ҳол бо Бурак акс надорад, зеро, мувофиқи қоидаҳои тарабхона сурат гирифтан бо ӯ ва ҷойи кор манъ аст.

Қаҳрамони мо бо вуҷуди доштани имкониятҳои фаровон дар Дубай, ният дорад, ки пас аз як сол ба Амрико сафар намуда муддате дар ин кишвар кору зиндагӣ намояд. 

Вале ҳамеша дар фикри бозгашт ба Ватан буда, мегӯяд, ҳоло ҷавон аст ва бояд таҷриба андӯхта, сипас онро баҳри шукуфоии Ватани азизамон истифода намояд.

Билол пас аз хатми риштаи тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Дубай рафт ва як сол мешавад, ки дар он ҷост. Ӯ замони донишҷӯӣ дар як маркази забономӯзӣ ва мактаб-интернат муаллими забони англисӣ буд. Идомаи матлабро дар мусоҳиба мушоҳида намоед:

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
15
+1
2
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад