CАЙЁҲАТТуркманҳои Тоҷикистон анъанаи миллии худро ҳифз кардаанд

Туркманҳои Тоҷикистон анъанаи миллии худро ҳифз кардаанд

-

Садҳо хонаводаи туркманзабон, ки дар ҷануби Тоҷикситон ба сар мебаранд, ба муҳити мардуми мулкии инҷо худро мутобиқ карда, ҳамчунин анъанаҳои худро ҳифз намудаанд. Дар ҷашну маросим ҳатман аз курта ва кӯлоҳои туркманӣ истифода мекунанд. Ба гуфтаи онҳо марсоими тӯйҳои арӯсиашон низ аз тоҷикон кам тавофут дорад.

Аммо то ҳол арӯсрабоӣ дар фарҳанги онҳо ҷой дошта, дар Тоҷикистон низ онро идома медиҳанд.

Ин арӯсдӯздиҳо ба фоидаи қурбонӣ анҷом шуда, духтар бо ишқаш мерасад.
Тозагул Рӯзиева, як зани туркмантабор аст, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон умр ба сар мебарад. Ӯ дар Тоҷикистон таввалуд шуда, гузаштагонаш аз ватани аҷдодиашон ба Тоҷикистон кӯч бастанд.

Ҳамзабонони Тозагул дар навоҳии Дӯстӣ ва Қубодиён зиёд ҳастанд ва гоҳ-гоҳе ба дидорбинии хешу таборонашон ба Туркманистон мераванд. Тозагул аз зиндагӣ дар ноҳияи Дӯстӣ қаноатманду розӣ буда, расму оини аҷдодии худро фаромӯш накардааст.

“Арӯсрабоӣ то ҳол дар миёни мо туркманҳо роиҷ аст. Вақте писар бо духтаре ошиқ мешавад, бояд хонаводаи духтар розигии духатарашонро ба назар гиранд. Дар ғайри сурат, ошиқи духтар барои дӯзидани маъшуқааш талош мекунад,”-мегӯяд Тозагул Рӯзиева ва илова кард, ки агар духтар дар рӯзи тӯй аз ҷониби маъшуқ дӯзида шавад, касе ҳақ надорад, ки духтарро бозпас биёрад.

Велмурод Рахмедов, раиси маҳаллаи туркманҳо дар деҳаи Деҳқонобод оид ба вижагиҳои арӯсрабоияшон чунин гуфт: “Дар ҳоле, ки қалинг ё маҳри арӯс бурда шудааст ва арӯс аз сӯйи ҷавони дигар дӯзида мешавад, қалинг баргардонида намешавад. Ин як рукни асосии фарҳанги мо туркманҳо аст, ки аз қадим ба мо расидааст,”- мегӯяд раиси маҳалла.

Туркманҳо баробарҳуқуқи миёни зану мардро риоя мекунанд. Духтарон дар таҳсилу интихоби шавҳар озоданд. Алимурод Ҷумагелдиев ва Ажаб Шахавнова ҳарду сокини ноҳияи Дӯстӣ буда, ду моҳи қабл хонадор шудаанд. Онҳо мегӯянд, бо розигии волидайн оила бунёд карданд ва ҳоло бо ҳам зиндагии хуберо пушти сар менамоянд. “Вақте мо шавҳар мекунем, 6 сол бо падари шавҳар, яъне хусур гап намезанем. Ин маънои эҳтиром нисбат ба падари шавҳар аст. Ҳар супориш аз ҷониби падари шавҳар мешавад, иҷро мекунем ва бидуни гардонидани посух.”,- мегӯяд Ажаб Шахавнова

Занони миёнасоли ҳунарманди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар ноҳияи Дӯстӣ гоҳо дар як хона ҷамъ шуда, ҳунари дӯзандагию бофандагиро ба ҷавондухтарон меомӯзонанд. “Нақшу нигорҳое, ки дар куртаҳои мо дида мешавад, бо мошинаҳои махсус дӯхта шуда, дастурхоне, ки аз пашми уштур омода мешавад, аз Туркманистон ба дасти мо мерасад”,-гуфт Ажаб Шахавнова.
Муҳоҷирати меҳнатӣ ва соҳаи кишоварзӣ манбаи аслии даромади туркманҳои Тоҷистон аст.

Тибқи маълумотҳои расида дар вилояти Хатлон наздики 21 ҳазор нафар дар ду минтақаи ҷануби Тоҷикистон — ноҳияи Дӯстӣ ва Қубодиён зиндагӣ мекунанд. Дар ноҳияи Шаҳритус низ чанд хоҷагии дигаре аз туркменҳо ба сар м ебаранд, вале омори дақиқи онҳо расман зикр рӯйи даст нест.

Муалиф: Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад