ҲАЁТИ СОЛИММедали биринҷии Фирӯз Мирзораҷабов

Медали биринҷии Фирӯз Мирзораҷабов

-

Узви дастаи мунтахаби гуштини юнонӣ-римии Тоҷикистон Фирӯз Мирзораҷабов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд.

Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон ва ҷавонон 2-юми июл дар шаҳри Манамаи Баҳрайн оғоз гардида то 10-уми июл идома мекунад.

«Фирӯз дар вазни -60 кг қувваозмоиро аз чорякфинал оғоз карда, бар варзишгари Узбекистон Акмал Ҳамроев ғолиб омад, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Оқил Сулаймонов мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Тайпейи Чин Йонг Сианг Суро шикаст дода, ҷои сеюми ифтихориро сазовор шудааст.»,-хабар медиҳад Кумитаи олимпии кишвар.

Варзишгари дигарамон дар ин равия Шероз Очилов дар вазни -72кг дар чорякфинал аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минсео Оҳ мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонон то 20-сола бо қувваозмоиҳо миёни бонувон ва писарон дар гуштини тарзи озод идома меёбад. Миёни писарон як варзишгари мо — Саидасан Ашрафхонов 10-уми июл дар вазни -74кг гуштин мегирад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад