МУВАФФАҚИЯТДар Grand Slam Hungary 2022 Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад?

Дар Grand Slam Hungary 2022 Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад?

-

Дар мусобиқаи байналмилалии “Grand Slam Hungary 2022” 5 варзишгари тоҷик– Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) – ба Будапешт сафарбар мегарданд.

Мусобиқа 8-10 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо иштироки 463 варзишгар (265 мард, 198 зан) аз 66 давлат баргузор мешавад. 

Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад. Радабандии олимпии ҷудо, аллакай пас аз натиҷагирии Гранд Слами Улан Батор шакл гирифт, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) ба он ворид шуданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар рӯзи аввал Муҳаммад ва Шаҳбоз рақобат мекунанд. Дар рӯзи дуюм – 9-уми июл Беҳрӯз ва дар рӯзи сеюм – 10-уми июл Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ куштӣ мегиранд.

Чун анъана ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра – 3000 ва бар барандагони ду медали биринҷӣ 1500-евроӣ пешбинӣ шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад