МУВАФФАҚИЯТУсули табобати дорусоз ва рэпер: тавсия ва гуфтани мушкилот

Усули табобати дорусоз ва рэпер: тавсия ва гуфтани мушкилот

-

Меҳроҷ Самиев риштаи дорусозиро хатм намудааст. Ҳоло ба ҷуз фаъолияти дорусозӣ, рэпхонӣ низ мекунад. Ин ҷодаро баъди хатми мактаби миёна (соли 2014) интихоб кард. Яъне, ба риштаи дорусозии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд, инчунин аввалин рэпи худро сабт намуд.

Меҳроҷ зиёдтар рэпҳои иҷтимоӣ мехонад ва дар онҳо мушкилоти ҷомеаро мегӯяд.

Рэпи “Музди маош” аз ҷумлаи чунин рэпҳо ба шумор меравад, ки бо мақсади арзон нафарӯхтани қувваи корӣ ва ҳамзамон, муносибату моширати корманду корфарморо қисса мекунад:

«Фикр мекунам, ки бояд кадрҳо қадр дошта бошанд ва худро арзон нафурӯшанд.», — таъид менамояд ӯ.

Аммо чунин рэпҳо дар миёни ҳаводорони рэпи тоҷик шунавандаи зиёд надоранд, вале Меҳроҷ боз ҳам аз ин мавзӯҳо мегӯяд.

Ӯ аз гуфтани мушкилот дар рэпҳояш намеҳаросад, зеро, дар доираи қонун ва ахлоқ эҷод мекунад.

Меҳроҷ яке аз беҳтарин “баттлер” миёни рэперҳои тоҷик буда,  дар рақобатҳояш бо дигар “баттлерон” ҳамеша ғолиб меояд.

“Баттл” ё рақобат бо сухан инсонро суханвару ҳозирҷавоб мекунад, вале дар умум хуб нест, зеро, бо гузашти солҳо ба ин наворҳо нигариста шарм медорӣ. Шахсан худи ман ҳамин гуна ҳастам.»,- илова мекунад рэпер.

Меҳроҷ мегӯяд, рэп ба кори аслиаш халале намерасонад ва ҳамчунин кораш ба рэп.

Меҳроҷ як рӯзи ҳафтаро ба рэп мебахшад. Дигар рӯзҳо фаъолияташро тибқи тахассуси гирифтааш-дорусозӣ пеш мебарад.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад