МУВАФФАҚИЯТНисфи умр бо кафшдӯзӣ

Нисфи умр бо кафшдӯзӣ

-

Исматулло Наимов сокини 45-солаи шаҳри Бохтар беш аз 20 сол аст, ки бо кафшдӯзӣ нони худро пайдо мекунад.

Пас аз даргузашти падараш бори гарони зиндагӣ ба дӯшаш афтод ва аз ночорӣ кафшдӯзиро аз ҳамсояи хеш омӯхт.

Ӯ пойафзоли муштариро босифату фаврӣ ва нисбатан арзонтар таъмир ва ба соҳибонашон пешкаш месозад.

Кори босифаташро муроҷиаткунандаҳо қадр намуда, барои таъмири пойафзол ҳамеша ба ӯ муроҷит мекунанд.

“Айёми мактабхонӣ буд, ки ҳамсояамон амаки Бахтиёр ба ман таклифи омӯхтани касби кафшдӯзиро намуда, маро ба шогирдӣ қабул ва тамоми нозукиҳои ин касбро бароям омӯзонд. Пас аз вафоти падарам амаки Бахтиёр нахустин касе буд, ки дар мушкилӣ дастамро гирифт. Дар ибтидо омӯзиши ин касб хеле мушкил менамуд. Аксар вақт бо дирафш дастонамро захмӣ мекардаму гоҳе ангуштамонро бо корт мебуридам. Ҳиси нобоварӣ доштам, ки аз уҳдаи ин кор намебароям. Вале сабру омӯзиш ва маслиҳату дастгириҳои пайвастаи устодам амаки Бахтиёр буд, ки тамоми нозукиҳои ин ҳунарро омӯзам.»,-мегӯяд ин қаҳрамони мо.

Исматулло Наимов соли 1997 оиладор шуда, ҳоло як духтар ва як писар дорад. Соли 2004 ба Русия рафта, дар як коргоҳи пойафзолбарории шаҳри Новосибирск фаъолият кард. Ӯ дар ин шаҳр 9 сол фаъолият намуд. Хабари бемории модарро шунида ба Ватан баргашт.

Исматулло ҳунари хешро ба писари ягонааш Беҳрӯзҷон омӯзонидааст. Агарчи Беҳрӯз хонандаи мактаб буд, кафшдӯзиро зуд омӯхт ва дар фориғӣ паҳлӯи падар кор мекунад.

Соли гузашта Исматулло аз бонк қарз гирифта, писари ягонаашро ба Федератсияи Русия фиристод. Ҳоло Беҳрӯз дар шаҳри Новосибирск, дар коргоҳи пойафзолбарорие, ки қаблан падараш кор карда буд, фаъолият менамояд.

Исматулло соли дуюм аст, ки аз субҳ то шом дар шафати Варзишгоҳи марказии «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар кафшдӯзӣ мекунад ва ҳамарӯза ҳудуди 100 сомонӣ маблағ ба даст меорад.

Исматулло Наимов бо бонк таллофӣ кардааст ва дигар қарздор нест. Рӯзҳои наздик писараш ба хотири оиладор шудан аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегардад.

Наҷибулло Валиев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад