БИЗНЕС-КЛУБЧаро Tesla мошинҳои хешро бидуни пуркунандаи барқ мефурӯшад?

Чаро Tesla мошинҳои хешро бидуни пуркунандаи барқ мефурӯшад?

-

Саҳифи Tesla_Adri дар Twitter

Tesla мошинҳои барқии худро бидуни пуркунандаи барқ (charger) пешниҳод менамояд. Дар ин бора корбарони ин навъи нақлиёт тариқи Twitter хабар додаанд.

Яке аз аввалин шахсоне, ки ин навовариро пай бурд, истифодабарандаи Twitter бо лақаби Tesla_Adri буд. Ин нафар қайд кардааст, ки Tesla мағозаи онлайниро таҷдид намуда, ки дар он пуркунандаи барқ ба мошини бренди электрикӣ дохил нест.

Вокунишҳо ба ин иқдоми Tesla манфӣ буда, корбаре бо лақаби DblCapCrimpin мошинҳои электрикии Tesla-ро бо iPhone муқоиса кард, ки  аз соли 2020 Apple смартфонҳоро бо василаи барқдиҳанда қатъ кардааст.

Директори генералии Tesla Илон Маск моҳи апрел ба шикоятҳои корбарон посух дода аз омори худ истинод овард, ки соҳибони мошинҳои электрикӣ хеле кам дастгоҳи алоҳидаи пуркунандаи барқро истифода мебаранд ва ба нуқтаҳои пурқудрати барқпуркунӣ ​​​​бартарӣ медиҳанд. 

Дар вебсайти Tesla Gen 2 Mobile Connector Bundle 275$ қимат дошта, аммо айни замон барои харид дастрас нест. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад